2 НАФАР ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 102
![]()
Дар соли 2025 теъдоди умумии донишҷӯён ва магистрантон 1504 нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 1039 нафар дар шуъбаи рӯзона, 437 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, 26 нафар магистрант ва 2 нафар докторант (PhD) мебошанд. Аз шумораи умумӣ 68 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Дар ин хусус ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловаршоҳ иттилоъ дод.
Ҳамчунин зикр гардид, ки раванди таълим дар 4 факулта ва 11 кафедра, аз ҷумла кафедраи ҳарбӣ, ба роҳ монда шудааст.
Дар Донишкада 97 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки аз онҳо 59 нафар омӯзгорони штатӣ, 28 нафар ҳамкорони дохилӣ ва 10 нафар ҳамкорони беруна мебошанд. Дар ҳайати омӯзгорон 2 нафар доктори илм - дотсент, 2 нафар дотсент - номзадони илм, 29 нафар саромӯзгор (номзади илм), инчунин ассистентон фаъолият мекунанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 4 нафар омӯзгорони Донишкада рисолаҳои номзадии худро дар Шӯроҳои диссертатсионии назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бомуваффақият дифоъ намуда, соҳиби диплом гардиданд.
Дар давраи ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» як нафар омӯзгор аз рӯи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» сазовори ҷойи дуюм ва як нафари дигар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Мунавваршои ЗАФАР, "Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00