Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » САҲМИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ОБОДИИ ШАҲРИ КӮЛОБ


САҲМИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ОБОДИИ ШАҲРИ КӮЛОБ




Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб корҳои ободониву созандагӣ ба таври мунтазам роҳандозӣ мегарданд.

Дар ҷараёни ин иқдоми созанда, кормандони соҳаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб саҳми назарраси худро гузошта, зиёда аз 200 адад дарахтони сояафкан ва 500 адад дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз шинониданд.

Ин ташаббуси нек нишонаи равшани ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, саҳми арзанда дар ободу зебо ва шукуфон гардонидани шаҳри бостонии Кӯлоб ба ҳисоб меравад.

Иштироки фаъолонаи омӯзгорону кормандони соҳаи маориф дар чунин корҳои ҷамъиятӣ на танҳо муҳити муассисаҳои таълимиро зебо мегардонад, балки дар замири насли наврас рӯҳияи созандагӣ, меҳнатдӯстӣ ва муҳаббат ба Ватанро таҳким мебахшад.

Умарҷон Тошматов,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода