Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХАТЛОН: 139 САНҶИШ, 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ВА БЕШ АЗ 223 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА


ХАТЛОН: 139 САНҶИШ, 110 ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ВА БЕШ АЗ 223 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА




Тибқи иттилои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, дар давоми соли 2025 аз ҷониби мутахассисони шуъбаҳои Сарраёсат ва Раёсати Хадамот дар минтақаи Кӯлоб ҳамагӣ 139 санҷиш гузаронида шудааст.

Аз ин шумора 86 санҷиш нақшавӣ ва 53 санҷиш ғайринақшавӣ буда, онҳо асосан дар муассисаҳои тандурустӣ анҷом дода шудаанд. Санҷишҳо дар нуқтаҳои дорухонагӣ, муассисаҳои хусусии тиббӣ ва мағозаю нуқтаҳои савдои чаканаи маводҳои ороишию гигиенӣ гузаронида нашудаанд.

Дар натиҷаи санҷишҳо 110 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида, нисбат ба онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ҳаҷми умумии ҷаримаҳо 223 ҳазору 875 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба давраи гузашта 648 ҳазору 295 сомонӣ кам мебошад.

Ҳамзамон, нисбат ба 81 нафар чораҳои интизомӣ татбиқ гардида, 290 нафар барои гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои профилактикӣ равона карда шудаанд.

Давоми соли 2025-ум 13 миллиону 858 ҳазору 248 нафар шаҳрвандон ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намудаанд, ки нисбат ба шумораи аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба як шаҳрванд аз 3,8 то 4,3 муроҷиат рост меояд.
Р. МИРЗОМИДДИН

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода