Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли макарони "Руми Паста" дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
25 декабр зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ Корхонаи макарони «Руми Паста»-ро мавриди баҳрабардори қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ пас аз таҷдиду навсозӣ давоми як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Таҷҳизоти корхонаи нави саноатиро соҳибкорони ватанӣ аз давлати Итолиё ворид намуда, барои фаъолияти минбаъда мутахасисони маҳаллиро ба кор ҷалб намудаанд. Ҳоло корхонаи навтаъсис дорои як хатти технологӣ буда, 20 нафар мутахассис дар ду баст ба фаъолият фаро гирифта шудаанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ин корхона се номгӯи маҳсулот истеҳсол ва бастабандӣ карда мешавад.
Масъулон тасмим гирифтаанд, ки бо ворид намудани ду хати нави технологӣ иқтидори истеҳсолии корхонаро боз ҳам зиёд намоянд. Аснои шиносоӣ Сарвари давлат ба кормандон ва мутахассисон вобаста ба истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва истеҳсоли маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалӣ дастур доданд.
Оянда баробари ба кор андохтани хатҳои нави технологӣ шумораи кормандон дар Корхонаи истеҳсоли макарони «Руми Паста» ба 50 нафар мерасад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...