Ба истифода додани бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсон бо маркази савдо ва хизматрасонӣ дар шаҳри Бохтар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 104
![]()
25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фатҳулло Соҳибов бунёд гардида, аз 12 ошёна ва 80 хона иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо бинои нав дар ҳамин ҷо ба маъюбону ниёзмандон, кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, хизматчиён ва дигар сохторҳои гуногуни давлатӣ калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд.
Дар хонаҳои истиқоматии барҳаво, ки мутобиқ ба талаботи муосир сохта шудаанд, тамоми ҷиҳоз ва ашёи зарурӣ барои зист фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ин соҳибкорро намунаи олии ватандӯстӣ ва шоистаи таҳсин дар кишвар маънидод карданд. Зимнан онҳое, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд, муҳаббату самимияти худро ба ин ғамхориву ташаббусҳои инсондӯстонаи Президенти кишвар баён намуданд.
Ин бино дар давоми зиёда аз ду сол бо ҷалби 40 мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Ошёнаҳои 1 ва 2 барои маркази савдо ва хизматрасонӣ пешбинӣ шуда, дар онҳо 20 кас соҳиби кор мешаванд.
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...