Рӯзномаҳо сари вақт ба дасти мо- хонандагон намерасанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Мо-омӯзгорони синфҳои поёнӣ ва болоӣ 45-50 сол ба фарзандони халқ таълиму тарбия дода, ба нафақа баромадем. Вақте ки маъракаи обунашавӣ ба газетаю маҷаллаҳо фаро мерасид, ҳар кадомамон ба 6-7 номгӯй ихтиёрӣ обуна мешудем.
Газетаю маҷаллаҳоро аз пойтахт ба шуъбаҳои алоқаи шаҳри Бохтар меоварданд. Баъд аз ин ҷо ба ноҳияҳо бурда, аз рӯйи суроға ба шуъбаҳои алоқаи ҷамоатҳо мефиристоданд. Хаткашонҳо бо аспу велосипед газетаю маҷаллаҳоро гирифта, кӯча ба кӯча бурда, ба соҳибонашон мерасониданд. Касе аз кори хаткашонҳо шикоят намекард. Боре як шумораи газетаи“Омӯзгор”-ро мо-омӯзгорон нагирифтем. Ҳамон шумораи газетаро дар шуъбаи алоқаи ноҳияи Вахш фаромӯш карданд, ки фиристанд. Ман аз номи омӯзгорони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба газетаи“Омӯзгор” як хабарчаи танқидӣ навиштам. Ҳафтаи дигар дар газета чоп шуд. Баъди чопи хабарам роҳбари шуъбаи алоқаи ноҳияро аз вазифааш сабукдӯш карданд.
24 октябри соли ҷорӣ ба масҷиди ноҳия ба намози ҷумъа рафтам. Баъди намозгузорӣ ходими масҷид Абдусаттор Абдухолиқов як банд рӯзномаҳо оварда, ба ҳар кас яктогӣ газета дод. Газетаҳои“Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Вахш”, газетаи мардумии“СССР”, “Тоҷикистон”-ро рӯзи24 октябри соли2025 оварданд. Рӯзномаи“Хатлон” ҳамагӣ ду нусха буд. Ҳарду шумораи газета рӯзи сешанбе, 14 октябри соли 2025, №64 чоп шуда буд, як шумораи газетаро ман, дигарашро як каси дигар гирифт. 15 октябр, №42, сешанбе газетаи“Тоҷикистон”, газетаи“Ҷумҳурият” 6 сентябр, №173, шанбе чоп шудааст. “Минбари халқ”, ки15 октябр, №142, шанбе чоп шудааст, оварданд. Ман мухлиси рӯзномаи“Хатлон” мебошам.
Мехоҳам, ки аз навигариҳо ва дастовардҳои вилояти Хатлон ҳамеша бохабар бошам. Рӯзномаи“Хатлон” беҳтарин аз газетаҳо мебошад.
Сармуҳаррир Носирҷон Маъмурзода, кормандон Саттор Қарахонов, Фаромӯз Давлатализода, Ҳангомаи Исмат, Умарҷон Тошматов, Алишери Абдулмаҷид ва журналистони донишманд мебошанд. Ҳикоя, шеър, очерк, хабару мақолаҳои ин устодони суханро ман хонда, ғизои маънавӣ мегирам.
Ҳазратқул БОБОХОНОВ,
собиқадор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Вахш
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...