Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни тозакунии иншооти обёрӣ дар ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён шинос шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 20 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён аз ҷараёни корҳои тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо боздид ба амал овард.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки тозакунии саривақтӣ ва босифати иншооти обёрӣ яке аз омилҳои асосии таъмини обрасонии устувор, беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт корҳои тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо бо ҷалби техника ва қувваи корӣ ба роҳ монда шуда, ба беҳтар гардидани ҳолати заминҳои кишоварзӣ мусоидат менамоянд.
Раиси вилоят ба фаъолияти масъулин ҷиҳати нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки шабакаҳои обёрӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид кард, ки тозакунии мунтазами онҳо кафили таъмини босифати обёрӣ ва пешгирии равандҳои номатлуб, аз қабили шӯршавӣ, ботлоқшавӣ ва коҳиш ёфтани ҳосилнокии заминҳо мебошад.
Ҳамзамон, ба роҳбарони сохторҳои марбута ва масъулини маҳаллӣ ҷиҳати тезонидани корҳои тозакунӣ, истифодаи самараноки техника, риояи талаботи техникӣ ва анҷоми босифати корҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қайд гардид, ки татбиқи саривақтӣ ва босифати чунин тадбирҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...