Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таваҷҷуҳ ба корҳои саҳроӣ: сафари кории раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Таваҷҷуҳ ба корҳои саҳроӣ: сафари кории раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ



Имрӯз, 20 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, аз ҷумла раванди шудгори заминҳои кишоварзӣ шинос гардид.

Зикр гардид, ки дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир тавассути татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин шудаанд. Ин тадбирҳо барои сабук гардонидани заҳмати деҳқонон, таъмини саривақтии корҳои шудгор ва кишт, ҳамчунин ҷамъоварии босифати ҳосил заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба раванди корҳои саҳроӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати анҷоми босифати шудгор, истифодаи самараноки техника ва риояи муҳлатҳои агротехникӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки заминҳо бояд пурра аз ғӯзапоя тоза гардида, бо сифати баланд шудгор карда шаванд, то барои кишти баҳорӣ заминаи мусоид муҳайё шавад.

Қайд гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои саҳроӣ омили муҳими баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, беҳдошти ҳолати заминҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода