Давлаталӣ Саид дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок намуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 69
![]()
Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва беҳдошти муҳити зист дар вилояти Хатлон вусъати тоза касб намудаанд. Ин тадбирҳо ба беҳсозии вазъи экологӣ, зебо гардонидани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ равона шудаанд.
Бо ҳамин мақсад имрӯз, 20 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ аз ҷараёни татбиқи тадбирҳои кабудизоркунӣ, беҳдошти замин ва обёрии қитъаҳои киштшаванда дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Кӯшониён боздид ба амал овард.
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Ин иқдоми муҳими экологӣ бо мақсади беҳтар намудани вазъи муҳити зист, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии экологӣ, зебо гардонидани симои ноҳия ва фароҳам овардани муҳити солими зиндагӣ барои сокинон роҳандозӣ шуд.
Зимни баргузории маърака дар канори роҳҳои автомобилгард, маҳаллаҳои аҳолинишин ва қитъаҳои муайяншуда ниҳолони гуногуни дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуданд.
Қайд гардид, ки чунин ташаббусҳо дар баланд бардоштани фарҳанги экологии ҷомеа аҳамияти хоса дошта, ҳисси масъулиятшиносӣ ва зебоипарастии сокинонро нисбат ба муҳити зист тақвият мебахшанд.
Ҳамзамон, раиси вилояти Хатлон таъкид намуд, ки нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳо, обёрии саривақтӣ ва иштироки фаъоли аҳолӣ дар корҳои сабзкорӣ омили асосии пойдорӣ ва самарабахшии чунин иқдомҳо ба шумор меравад.
Тибқи иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар мавсими ниҳолшинонии солҳои 2025-2026 шинонидани 32 ҳазор ниҳоли сояафкану ҳамешасабз, 345 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ ва доимӣ, инчунин майсазоркунӣ дар масоҳати 9 ҳазор метри мураббаъ ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз дар ҳудуди ноҳия беш аз 7 ҳазор ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва 15 ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд, ки барои боз ҳам зебо гардидани симои ноҳия, сарсабз шудани муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00