РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ЁВОН РОҲИ НАВИ МАҲАЛЛИРО БА ИСТИФОДА ДОДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 106
![]()
Имрӯз, 6 декабр, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид роҳи муҳими аҳамияти маҳаллидоштаро дар деҳаи Зафари ҷамоати деҳоти Норин ифтитоҳ намуданд.
Роҳ бо паҳноии 15 метр ва дарозии 1,5 километр бунёд гардида, бо саҳми фаъолонаи сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш шудааст.
Татбиқи ин тарҳ ҳамчун ҷузъи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидааст.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинон ташаббуси неки онҳо ва саҳмгузории соҳибкоронро дар рушди инфрасохтори деҳот баланд арзёбӣ намуда, ба ҳамаи дастгиркунандагони тарҳ изҳори сипос намуданд.
Тавре масъулони ноҳия иттилоъ доданд, танҳо дар соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 70 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шудаанд. Ин иқдомҳо ба беҳтар гардидани имкониятҳои ҳаракати нақлиётӣ, баланд шудани сатҳи хизматрасонӣ ва рушди иқтисодии минтақа мусоидат мекунанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00