ДАР ДЕҲАИ СЕЛБУРИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ КОРХОНАИ ДӮЗАНДАГӢ ВА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 108
![]()
Санаи 22-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии “Миралӣ” дар деҳаи Селбури Ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сохтмони ин иншооти муосир дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати саноатикунонии босуръати кишвар, бо маблағгузории соҳибкори ватандӯст амалӣ гардидааст.
Сохтмони корхона соли 2024 оғоз гардида, фармоишгари он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Миралӣ” мебошад. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҳамин ширкат бо маблағи умумии 2 миллион сомонӣ тарҳрезӣ ва амалӣ шудааст.
Дар марҳилаи аввали сохтмон зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши бештар аз 2000 сомонӣ ҷалб гардиданд. Дар ҳолати феълӣ бошад, беш аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ, асосан занону духтарон, дар корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонӣ бо маоши зиёда аз 3000 сомонӣ фаъолият мекунанд. Ҷалби чунин шумораи аҳолӣ ба шуғли доимӣ, саҳми назаррас дар беҳдошти сатҳи иҷтимоиву иқтисодии маҳал ба ҳисоб меравад.
Тавре зикр гардид, ҳадафи асосии таъсиси чунин марказҳои истеҳсолӣ дар ноҳияҳо, бахусус деҳот, амалӣ намудани сиёсати давлатии саноатикунонӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби кору зиндагӣ барои сокинон мебошад.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
26-01-2021, 14:00