Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ БЕТОН ВА КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГУ ШАҒАЛ ДАР ВОСЕЪ


ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ БЕТОН ВА КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГУ ШАҒАЛ ДАР ВОСЕЪ




Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ корхонаи истеҳсоли бетон ва корхонаи коркарди сангу шағалро ифтитоҳ намуд.

Сохтмони иншоот соли 2024 оғоз гардида, бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ ва фармоишгари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Далерҷон» ба маблағи 10 миллион сомонӣ тарҳрезӣ ва амалӣ шудааст.

Дар корхонаи истеҳсолӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо маоши зиёда аз 3000 сомонӣ ҷалб гардида, ба онҳо ҷойҳои кори доимӣ фароҳам оварда шудааст, ки ин иқдом боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди саноати маҳаллӣ мегардад.

Ифтитоҳи ин корхона намунаи возеҳи татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат барои рушди саноат ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар ноҳияи Восеъ ба шумор меравад. Ин иқдом ба саноати муосири кишвар ва таъмини талаботи бозори дохилӣ мусоидат мекунад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода