ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БА 5076 ОИЛА КИТОБИ «ШОҲНОМА» ТАҚДИМ МЕШАВАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 66
![]()
Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон тақдими китоби «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба 5076 оила идома дорад.
Барои амалӣ намудани ин иқдоми фарҳангӣ дар ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки аъзои он деҳа ба деҳа китобро ба ҳар оила мерасонанд.
Сокинон ин туҳфаи пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳсоси ифтихор ва миннатдорӣ қабул менамоянд.
Иқдоми тақдими «Шоҳнома» ба ҳар оилаи мамлакат, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ба роҳ монда шудааст, аҳамияти бузурги маънавӣ дорад. Ин амал дар ташвиқи мутолиа, арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ байни наслҳои имрӯза нақши созанда мегузорад.
То имрӯз шумораи зиёди хонаводаҳо ин китоби гаронбаҳоро дастрас намуда, тақсими он дар тамоми ҷамоатҳои ноҳияи Балҷувон идома дорад.
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...