Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » АЁДАТИ ОМӮЗГОРОНИ СОБИҚАДОР


АЁДАТИ ОМӮЗГОРОНИ СОБИҚАДОР





Бино ба иттилооти Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи омӯзгор гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода ба аёдати омӯзгорони собиқадор рафтанд. 

Аз ҷумла, дар ноҳияи Данғара омӯзгорони собиқадори муассисаҳои таълимиро аёдат карда, бо онҳо сӯҳбати инфиродӣ намуда, кумакҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба онҳо расонида шуд. Убайдуллоев Зувайдулло, собиқадори муассисаи таълимии № 4 солҳои тӯлонӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудааст. Ҳоло шогирдони муаллим дар касбу корҳои гуногун кору фаъолият карда, саҳми худро дар пешрафти давлату миллат мегузоранд.

Дар ин зимн, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода бо Бароталиева Дастагул, ки яке аз собиқадорони муассисаи таълимии № 11 буда, дар омода шудани кадрҳои ҷавони омӯзгорӣ ва таълиму тарбияи хонандагон саҳмгузор мебошад, суҳбат анҷом доданд. 

Дар рафти сӯҳбат вобаста ба ғамхориҳои Роҳбари давлат ба соҳаи маориф, хусусан дастгириву ғамхорӣ ба омӯзгорон ёдрас гардид. Инчунин, таъкид карда шуд, ки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар самти беҳтар кардани шароити таълиму тарбия, муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои фаннӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон мусоидат намуда истодааст. Ин аст, ки дастоварду муваффақиятҳои соҳаи маориф нисбат ба солҳои қаблӣ бештар мебошад.


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода