ЛЕВАКАНТ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ ХИШТИ ПӮХТА
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 157
![]()
Имрӯз, 25 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти корҳои сохтмонии ҶДММ “Хусрав сотмон”, ки самти фаъолияташ ба истеҳсоли хишти пухта ва хишти сабук равона мегардад, боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур аз соли 2024 оғоз гадидааст ва он то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон, беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур баъди ба истифода додан дар як шабонарӯз 60 ҳазор хишт буда, дар як сол ин омор ба 21 миллион хишт мерасад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зикр намуданд, ки ҳадафи асосии сиёсати саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, таъмини истиқлоли иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мебошад.
Таваҷҷуҳи хоса ба рушди соҳаи саноат имкон медиҳад, ки захираҳои табиӣ самаранок истифода гардида, маҳсулоти ватанӣ бо сифати баланд истеҳсол ва ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод шаванд. Дар баробари ин, саноатикунонӣ барои кам кардани вобастагии иқтисод аз воридот, тақвияти амнияти энергетикӣ ва таҳкими қувваи истеҳсолии давлат мусоидат мекунад.
Баҳри ин ҳамасола дар шаҳри Левакант бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва соҳибкорон корхонаҳои хурду бузург бунёд гардида истодааст, ки ин дар рушди маҳалу баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинон нақши созгор дорад.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...