ЛЕВАКАНТ: РАИСИ ВИЛОЯТ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ ПАХТАКОРРО ҲАВАСМАНД НАМУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ, Боздид 186
![]()
Имрӯз, 25 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳоти Гулистони шаҳри Левакант роҳбарони 18 хоҷагии деҳқонии пахтакорро барои саривақт иҷрои дурнамои пахта ҳавасманд гардониданд.
Раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҳосилнокии имсолаи пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ хеле баланд буда, ин аз истифодаи самараноки захираҳои обӣ, тухмии босифат ва меҳнати софдилонаи деҳқонон шаҳодат медиҳад.
Раиси вилоят ба саҳмгузорони соҳаи кишоварзӣ барои заҳматҳои арзишманд изҳори сипос намуда, даъват ба амал оварданд, ки чунин натиҷаҳои назаррас дар дигар самтҳои хоҷагидорӣ низ намунаи ибрат гардад.
Шаҳри Леваканд дар мӯҳлати хело кӯтоҳ нақшаи пахтасупориро беш аз 101 дарсад таъмин намуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...