Мавсими нави театрӣ дар шаҳри Бохтар ифтитоҳ ёфт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 103
![]()
Имрӯз дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мавсими нави театрӣ расман оғоз гардид. Маросими ифтитоҳ соати 17:00 оғоз ёфта, нахустин намоишномаи ин мавсим — “Бемори зуракӣ” рӯйи саҳна омад.
Намоишнома аз рӯи асари маъруфи драматурги фаронсавӣ Жан-Батист Молер таҳия шуда, бо ташаббуси ҳунарманди ҷавон Саидзода Отахон роҳандозӣ гардидааст. Таҳияи саҳнавии намоишро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов анҷом додааст.
![]()
Ин намоиш ба муносибати 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — Ато Муҳаммадҷонов омода гардида, ба хотири гиромидошти хизматҳои арзандаи ӯ ба саҳна гузошта шуд.
![]()
Мавсими нав дар театр бо рӯҳияи тоза ва барномаҳои ҷолиб оғоз гардида, аҳли ҳунар ният доранд, ки бо намоишномаҳои тоза ва мазмуннок дили тамошобинонро боз ҳам бештар ба саҳна ҷалб намоянд.
Рамазони МИРЗОМИДДИН
Мунавваршои ЗАФАР
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...