ДАВЛАТСОЗИИ МУОСИР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 27
![]()
Таҷрибаи Тоҷикистон дар заминаи роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Лаҳзаи сарнавиштсоз дар таърихи навини Тоҷикистон ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ (Хуҷанд, ноябри соли 1992) рост меояд, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбари
олии ҳокимияти давлатӣ интихоб гардиданд. Дар ҳамин иҷлосия шиори таърихии ӯ «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» садо дод, ки оғози марҳилаи нав - раванди эҳёи давлатдориро нишонгузорӣ намуд.
Раванди оштии миллӣ, ки аз миёнаи солҳои 1990 оғоз ёфт, яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми муколамаи сиёсӣ шакл гирифт, ки ҳадафи он хотима бахшидан ба муқовимати шаҳрвандӣ ва ҳамгироии неруҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ба фазои ягонаи давлатӣ буд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо, созишҳои мутақобила ва иқдомҳои институтсионалӣ тавонистанд тавофуқоте ҳосил кунанд, ки барои эҳёи эътимод дар ҷомеа замина гузоштанд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ танҳо як амали ҳуқуқӣ набуд, ки ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшад. Он заминаи идеологӣ барои ҳамгироии ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва ташаккули низоми комили давлатдориро фароҳам овард. Дар ин раванд таҷрибаи нодири модели оштии миллии тоҷикон таҷассум ёфт, ки дар он сулҳпарварӣ ва давлатсозӣ ба як самти стратегии воҳид табдил ёфт.
Аз ин рӯ, сулҳи соли 1997 бояд ҳамчун марҳилае арзёбӣ гардад, ки Истиқлолро ба унсури воқеии устувории сиёсӣ ва пешрафти иҷтимоӣ табдил дод ва заминаи муҳим барои ислоҳоти конститутсионӣ ва модернизатсияи идоракунии давлатӣ гардид.
Ин платформаи арзишӣ, ки бар пояи волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқ ва масъулияти муштараки давлату ҷомеа устувор гардид, заминаи ташаккули низоми устувори сиёсиро фароҳам овард. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ба раванди давлатдорӣ анҷоми ҳуқуқӣ бахшид ва кишварро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян сохт.
Яке аз сутунҳои муҳими таҳкими Истиқлол иқтисод буд, ки пас аз марҳилаи эҳёи ибтидоӣ ба роҳи рушди устувор равона гардид. Афзалиятҳо ба соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиёту алоқа, саноатисозии бо-сифат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва диверсификатсияи истеҳсолот дода шуданд, ки дар ин замина озодии иқтисодӣ ҳамчун шарти асо-сии пешрафти муосир арзёбӣ гар-дид. Ҳамзамон, сиёсати иҷтимоӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг равона шуд. Зеро Истиқлоли зеҳнӣ ва рақобатпазирии миллӣ бе рушди сармояи инсонӣ имконнопазир аст. Ҷавонон, ки ҳамчун «Насли Истиқлол» муаррифӣ меёбанд, дар сиёсати кадрӣ ва маорифии давлат ҷойгоҳи марказӣ доранд. Зеро тарбияи худогоҳии миллӣ, ахлоқи ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва сатҳи баланди тайёрии касбӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ арзёбӣ мешавад.
Дар сатҳи байналмилалӣ Истиқлоли сиёсӣ ба иқтидори дипломатӣ табдил ёфт. Мактаби дипломатияи тоҷик, ки бар забон, далел, мантиқ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ такя мекунад, дар минбарҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳониву минтақавӣ - СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва дигар сохторҳо таҷассум ёфт. Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, махсусан дар соҳаи сиёсати об, боиси болоравии нуфузи байналмилалӣ гардида, кишварро ҳамчун давлати дорои рисолатҳои вижаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.
Аз дидгоҳи методологӣ омӯзиши таърихи навини миллати тоҷик бар принсипи таърихгароӣ асос ёфта, таҷрибаи асрҳо аз Исмоили Сомонӣ то шахсиятҳои барҷастаи даврони Истиқлол нишон медиҳад, ки давлатдорӣ ҳеҷ гоҳ стихиявӣ пайдо намешавад, балки ба иродаи сиёсии роҳбарони хирадманду фидокор вобаста аст, ки намунаи равшани он роҳбарии Пеш-вои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърих мебошад.
Дар таҳлили илмӣ моҳияти Истиқлол барои Тоҷикистон дар панҷ унсури калидӣ таҷассум меёбад: низоми конститутсионӣ ва волоияти қонун, амнияти миллӣ ва идоракунии хатарҳо, иқтисод ва сармояи инсонӣ, фарҳанги сиёсӣ ва парламентаризми миллӣ, забон ва худшиносии мазмунӣ, ки ҳар кадом дар алоҳидагӣ нопурра буда, танҳо дар маҷмӯъ устувории давлат ва пойдории Истиқлолро таъмин мекунанд.
Дар ин раванд мероси страте-гии роҳбарӣ ва аҳамияти муосири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум меёбад, ки Истиқлоли давлатиро ба падидаи устувор, динамикӣ ва мавриди эътирофи байналмилалӣ табдил дод. Истиқлол аз сатҳи рамзӣ ба низоми комили арзишҳо, мафкура ва амал табдил ёфт. Давлатсозӣ на танҳо барқарорсозии институтҳо, балки ташкили фарҳанги муосири сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва идорӣ гардид, ки қобилияти мутобиқшавӣ ба ҷаҳони глобалиро дорад. Роҳбарии сиёсӣ дар лаҳзаҳои буҳронӣ на қонунро иваз кард, балки заминаи татбиқи он ва ҳамзамон равшан сохтани уфуқҳои миллӣ - сулҳ, ваҳдат ва бунёдкориро таъмин намуд. Забон, маориф ва ҷавонон ба унсурҳои стратегии Истиқлол табдил ёфтанд. Эҳтироми қонун, иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсӣ, заҳмати созанда ва пайравӣ аз арзишҳои миллӣ.
Ояндаи давлат ояндаи ҳар яки мост, ва Истиқлол, ки бо талошҳои таърихӣ ба даст омадааст, танҳо тавассути дониш, меҳнат ва ризоияти пайваста ҳифз мегардад.
Таҷрибаи 34-солаи Тоҷикистон собит месозад, ки хирад, дониш ва сухан, дар маънои сиёсати дурандешона, сармояи инсонӣ ва фарҳанги муколама, калиди пойдории давлат ва самти рушди минбаъдаи он мебошанд.
Рухшона ВОСИФҶОНЗОДА,
директори муассисаи давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон «Мактаби миёнаи умумӣ бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Кӯлоб ба номи К. Д.Ушинский»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...