АМАЛИЁТИ “МАДАНИЯТИ ШАҲРДОРӢ” НАТИҶАГИРӢ ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 48
![]()
Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, ҷаласа оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, ки қаблан дар доираи чорабинии вилоятии амалиёти профилактикии "Маданияти шаҳрдорӣ" ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” ва пешгирии ифротгароӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳалла ва бартараф намудани омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳрдорӣ таъсис дода шуда буданд, баргузор гардид.
Дар ҷаласа Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Назарзода Шариф Раҳмон, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба самти иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудирони бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷавонон, фарҳанг, маориф, дин, танзими ҷашну маросим, роҳбарони сохторҳои ҳизбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низо-мии вилоят, масъулини шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳайати гурӯҳҳои кории шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки дар доираи амалиёти профилактикии "Маданияти шаҳрдорӣ" ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа, тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу оромии ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли хурофотпарастиву бегонапарастӣ дар ҷомеа то имрӯз аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ як қатор чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, натиҷаҳо назаррасанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ гузарониданичорабиниҳо вобаста ба таҷлили Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ уҳдадор шудаанд, ки баҳри татбиқи ҳадафҳои амалиёт корбарӣ намоянд.
![]()
Зимни дастурдиҳӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода ва муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода аз масъулони гурӯҳҳо тақозо намуданд, ки дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо зарурияти таъмини талаботи қонунҳои миллӣ аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" ва "Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо" ҳамчунин сарфакорона истифода бурдани неруи барқ фаҳмонида шавад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...