Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Нақши ҲХДТ дар масири касбомӯзии шаҳрвандон


Нақши ҲХДТ дар масири касбомӯзии шаҳрвандон




Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон яке аз ташкилотҳои сиёсиест, ки дар  рушди  сиёсӣ  ва  иҷтимоии  кишвар нақши  муҳим  дорад.  Аз  рӯзҳои  аввали таъсисёбӣ ҳизб ҳамчун такягоҳи устувори  сулҳу  ваҳдат  ва  пешбарандаи барномаҳои созандаву давлатсозӣ шинохта  шудааст.  Раиси  муаззами  ҳизб, Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон борҳо чунин таъкид намудаанд: «ҲХДТ  аз  рӯзҳои  аввали  таъсисёбӣ  ба масъалаҳои  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  ва ҷалби  аҳолӣ  ба  созандагиву  бунёдкорӣ таваҷҷуҳи  аввалиндараҷа  зоҳир  намуд»

Аз таъсиси ҲХДТ беш аз се даҳсола мегузарад. Он ҳамчун  намунаи  ҳизби  мардумӣ  ва  бунёдкор  шинохта  шуда,  дар  пешрафти  ҷомеаи  муосири  тоҷик  нақши калидӣ  дорад.  ҲХДТ  дар  давраи  душвори  таърих  10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, ба ҳайси қувваҳои сиёсии муттаҳидкунанда саҳми арзанда гузошт. Ҳадафи асосии  таъсиси  ҳизб  барқарории  сулҳу  субот,  ваҳдати миллӣ  ва  роҳандозии  корҳои  созандагӣ  ба  шумор  меравад. Дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Пешвои миллат,  роҳбарони  ҳизби  ҲХДТ,  тавонистанд  бо  роҳи музокирот  ва  муколамаи  созанда  мил-латро  аз  парокандагӣ  ва  нобудӣ  наҷот диҳанд.

Ҳизб  аз  солҳои  аввали  фаъолият барномаҳои  муҳими  давлатӣ  ва  миллӣ таҳия намуда, ба амалӣ шудани Стратегияи миллии рушд, барномаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ  ва  фарҳангӣ  саҳми  назаррас гузошт.  Бо  иқдоми  ҳизб  садҳо  иншооти  иҷтимоӣ:  мактаб,  беморхонаҳо  ва роҳҳои муҳими дохиливу байналмилалӣ сохта шуданд.

Яке аз вазифаҳои муҳими ҲХДТ тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ, касбомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид карданд: «Ҷавонон бояд донанд, ки ояндаи кишвар дар дасти онҳост ва ҲХДТ вазифадор аст насли наврасро ба ҳисси баланди  масъулиятшиносӣ  ва  меҳнатдӯстӣ роҳнамоӣ намояд».

Бояд  гуфт,  ки  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  намунаи  барҷастаи ҳизби  муосир  ва  мардумӣ  буда,  бо роҳбарии  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба  манфиатҳои умумимиллӣ хизмат мекунад.

Пешвои  миллат  зикр  мекунанд, ки  ташаккули  ҷомеаи  истеҳсолгар  ва соҳибкасб  вазифаи  муҳими  ҳар  як  ҳизби  сиёсиест,  ки  рисолати иҷтимоӣ дорад. Ин андеша барои мо - ҳамчун роҳбарони муассисаҳои таълимии касбӣ, роҳнамои стратегӣ мебошад. Зеро мақсад аз фаъолияти литсей ва коллеҷҳо танҳо омӯзонидани ҳунар нест, балки омода кардани мутахассиси ҷавон, соҳибкасб ва худшинос аст, ки метавонад  на  танҳо  ба  бозори  меҳнат  ворид  гардад,  балки  офарандаи ҷойҳои нави корӣ низ бошад.

Бо  узвият  дар  ин  ҳизби  бонуфуз  мо  бояд  масъулияти  бештар эҳсос  карда,  пеши  худ  вазифа  гузорем,  ки  дар  амалӣ  намудани дастуру  ҳидоятҳои  Пешвои  миллат,  сиёсати  ҲХДТ  ва  дар  татбиқи барномаҳои  миёнамуҳлати  тайёр  кардани  кадрҳои  касбии  соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ боз ҳам бештар саҳми арзандаи худро гузорем.

ҲХДТ барои мо рамзи ҳамгироии сиёсӣ, рушди иҷтимоӣ ва пешбарандаи мактаби касбу ҳунар аст. Бо итминон метавон гуфт, ки ҳар қадами мо дар таълиму тарбия, ҳар иқдоми мо дар рушди литсей ва чун мутахассис ба бозори меҳнат ворид шудани ҳар шогирди мо як шохаи амалии сиёсати созандаи ҳизб аст.

Латофат ОДИНАЗОДА,
вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, узви ҲХДТ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода