Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва рушди иҷтимоӣ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат


Иқтисоди сабз, рақамикунонӣ ва рушди иҷтимоӣ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат




Паёми  навбатии  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  гардид,  ҳамчун  санади  муҳим барои  таҳлил  ва  муайян намудани  роҳҳои  рушди минбаъдаи  кишвар  қабул гардид.  Дар  Паёми  Пешвои  миллат  дастовардҳои муҳим,  ҳадафҳои  стратегии  давлат  ва  нақшаҳои амалисозии онҳо бо тамоми ҷузъиёт  пешниҳод  шуданд, ки  барои  ҳар  як  шаҳрванди кишвар аҳамияти бузург доранд.


РУШДИ ИҚТИСОДӢ – ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН

Яке  аз  самтҳои  калидии  Паёми  Пешвои  миллат  ин  таъмини рушди  устувори  иқтисодӣ  буд. Дар  соли  2024,  тибқи  иттилооти  пешниҳодшуда,  ҳаҷми  маҷмӯи маҳсулоти  дохилӣ  ба  150  миллиард  сомонӣ  расид,  ки  нишондоди  афзоянда  дар  тӯли  чанд  соли охир  мебошад.  Суръати  рушди воқеии  иқтисодиёт  8,4  фоизро ташкил дод, ки ин як нишонаи эътимодбахш  барои  рушди  минбаъдаи  иқтисодии  кишвар  мебошад. Пешвои миллат таъкид карданд, ки татбиқи барномаҳои стратегии давлат, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, энергетика  ва  кишоварзӣ  заминаи мустаҳкам  барои  ноил  шудан  ба ҳадафҳои  стратегии  Тоҷикистон аст.

Дар  давоми  панҷ  соли  охир, суръати  рушди  иқтисоди  миллӣ ба  7,7  фоиз  афзоиш  ёфтааст.  Ин комёбӣ  аз  ҳисоби  ҷалби  сармоягузории  дохилӣ  ва  хориҷӣ,  инчунин  иҷрои  нақшаҳои  дарозмуддат  дар  самти  рушди  иқтисодӣ  ба даст  омадааст.  Тибқи  иттилооти пешниҳодшуда,  дар  панҷ  соли охир дар кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ  ва  сармояи  дохилӣ  ва хориҷӣ  197  миллиард  сомонӣ ба  татбиқи  лоиҳаҳои  гуногуни сармоягузорӣ равона гардидааст.

Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи  устувор,  Пешвои  миллат супориш доданд, ки идоракунии самараноки  иқтидорҳои  иқтисодӣ, ташкили  ҷойҳои  нави  корӣ  ва рақамикунонии  хизматрасониҳои давлатӣ  дар  соли  2025  дар  авлавият қарор дода шаванд. Дар Паём махсус  таъкид  гардид,  ки  рушди иқтисоди рақамӣ ва "иқтисоди сабз" ба ташаккули иқтисодиёт дар сатҳи нав мусоидат хоҳад кард. Барои ин, лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла ташкили марказҳои рақамӣ ва густа-риши истифодаи технологияҳои муосир бояд ба амал татбиқ гарданд.

ЭНЕРГЕТИКА – ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ УСТУВОР

Як бахши муҳим ва стратегӣ, ки дар Паём қайд гардид, ин энергетика буд. Тоҷикистон бо истифода аз захираҳои табиии худ ба ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ наздик мешавад. Бино ба маълумоти Пешвои миллат, корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, ба мисли “Норак”, “Қайроққум” ва “Роғун” бо суръати баланд идо-ма  доранд.  Дар  соли  2025  иқтидори  энергетикии  кишвар  аз  ҳисоби сохтмони Неругоҳи барқии обии “Роғун” ва дигар иншоотҳо 180 мегаватт зиёд мешавад. Ин иқдом на танҳо талаботи дохилии кишварро қонеъ мегардонад, балки имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ба содиркунандаи неруи барқ табдил ёбад.

Бо  дастгирии  Пешвои  миллат  дар  давоми  ду  соли  охир  барои бунёди  НБО  “Роғун”  беш  аз  9  миллиард  сомонӣ  ҷудо  карда  шуд. Ин  лоиҳаи  бузург  на  танҳо  аҳамияти  стратегӣ  дорад,  балки  нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар роҳи татбиқи барномаҳои бузурги миллии худ қадамҳои устувор мегузорад.

ИЛМ ВА МАОРИФ – ТАҲКИМИ ЗАМИНАИ ИНСОНИИ КИШВАР

Маориф ва илм ҳамчун василаи асосии рушди ҷомеа ва таҳкими иқтисодиёт  дар  Паёми  Пешвои  миллат  мавқеи  хосро  ишғол  карда-анд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки рушди илм ва маориф кафили пешрафти давлат мебошад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда  аз  3670  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ,  262  муассисаи томактабӣ  ва  35  муассисаи  таҳсилоти  олии  касбӣ  бунёд  карда  шуданд. Ин омор на танҳо нишондиҳандаи дастовардҳои соҳаи маориф аст,  балки  талошҳои  пайвастаи  давлатро  барои  фароҳам  овардани шароити беҳтарин барои ҷавонон инъикос менамояд.

Дар Паём таъкид гардид, ки дар панҷ соли оянда бояд 800 муассисаи  томактабӣ  ва  беш  аз  1000  муассисаи  таҳсилоти  умумӣ  сохта шаванд. Ин тадбирҳо бо афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани талабот ба таҳсилоти босифат мутобиқ карда шудаанд. Ҳамчунин, Пешвои миллат супориш доданд, ки дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ фанҳои вобаста ба технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ ба таври мукаммал ҷорӣ карда шаванд.

САНОАТ ВА СОҲИБКОРӢ – ТАКЯГОҲИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Дар Паём рушди саноат ва соҳибкорӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ пешниҳод шуданд. Тоҷикистон дар панҷ соли охир ба пешравиҳои назаррас дар соҳаи саноат ноил гардида, зиёда аз 2040 корхона ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис додааст. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳи нави истеҳсолӣ бунёд гардида, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ таъмин шуд.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорон Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки то соли 2027 ба фаъолияти онҳо мораторий эълон карда шавад. Ин иқдом ба фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузорӣ ва ташкили корхонаҳои нав мусоидат мекунад. Дар Паём таъкид гардид, ки рушди соҳибкорӣ на танҳо барои пешрафти иқтисодӣ, балки барои беҳтар намудани зиндагии мардум низ аҳамияти калон дорад.

ХУЛОСА

Паёми  Президенти  маҳбуби  кишвар  ҳамчун  ҳуҷҷати  раҳнамо барои  рушди  ҳамаҷонибаи  кишвар  қабул  гардид.  Дар  он  на  танҳо дастовардҳои имрӯза, балки нақшаҳои стратегӣ барои солҳои оянда низ  нишон  дода  шудаанд.  Пешвои  миллат  аз  тамоми  мардум  даъват карданд, ки барои пешрафти Ватан саъю талоши якҷоя намоянд. Танҳо бо иттиҳод ва сарҷамъӣ мо метавонем ҳадафҳои стратегии худро амалӣ гардонем ва Тоҷикистони азизамонро ба кишвари пешрафта табдил диҳем.

Исмоил ОДИЛЗОДА, 
номзади илмҳои тиб, директори муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода