Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ»


«НАҚШИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ»




-зери ин унвон дар асоси нақша - чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва рӯзномаи “Хатлон” мизи мудаввар ва маросими рӯнамоии китобҳои тозанашри рӯзномаи “Хатлон” - «Ваҳдатсаро» ва «Нома ба наслҳои оянда», бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли маърифати китобхонӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, намояндаи Шурои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ ва қисме аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, оғоз гардид.

- Ваҳдати миллӣ муҳимтарин ва арзишмандтарин неъмати даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад. Он натиҷаи талошҳои шабонарӯзии халқи озодандеш ва хиради роҳбарияти оқилу миллатпарвар аст. Пас аз як давраи душвори таърихӣ бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, миллати тоҷик тавонист миёни сӯхтаҳои ҷанги шаҳрвандӣ партави умедро бедор созад, - афзуд муовини раиси вилояти Хатлон.

Дар идомаи суханронӣ иброз намуд, ки рӯзномаи «Хатлон» ҳамчун нашрияи расмӣ дар тӯли фаъолияти худ дар тарғиб ва бозтоби арзишҳои Ваҳдати миллӣ нақши намоён дорад. Ин рӯзнома ҳамеша талош варзидааст, ки моҳияти ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллиро ба таври фарогир ба хонандагон расонида, аҳамияти он дар таҳкими истиқлолият, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро тавзеҳ диҳад.

Маводҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳо, андешаҳои коршиносон ва бозтоби чорабиниҳои марбут ба Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар саҳифаҳои рӯзнома бозгӯи онанд, ки «Хатлон» ҳамчун минбари худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар таҳкими якпорчагии ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ифтихори ватандорӣ саҳми босазо мегузорад.



Маъмурзода Носирҷон, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” дар мавзуи “Хатлон” - нашрияи ваҳдатсаро” андешаронӣ намуд.

Зимни суханронӣ зикр намуд: “Таърих шоҳид аст, ки на ҳар роҳбари сиёсӣ метавонад пас аз ҷангҳои дохилӣ сулҳро барқарор намуда, кишварро ба роҳи пешрафт баргардонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар лаҳзаҳои ҳалкунанда ва тақдирсоз бо иродаи қавӣ ва диди хирадмандона тавонистанд сулҳро таъмин ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд оранд”.
Имрӯз мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ ба сифати кишвари сулҳпарвару ваҳдатофар эътироф шудааст. Хидмати Пешвои миллат дар ин ҷода на танҳо сиёсӣ, балки таърихиву инсонист. Ин таҷрибаро бояд омӯзиш диҳем, барои наслҳои оянда ҳуҷҷатӣ гардонем ва бо ифтихор таблиғ намоем.

Дар идомаи мизи мудаввар Амиршоҳи Хатлонӣ, муовини раиси Шурои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ”, Дилором Маҳкамзода, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Бозтоби Ваҳдати миллӣ дар публитсистикаи маҳаллии Тоҷикистон”, Зулайхо Гаибова, сармуҳаррири рӯзномаи “Новий Хатлон”, дар мавзӯи “Вклад “Нового Хатлон” в пропаганде национального единства”, Абдурашид Мусозода, сармуҳаррири рӯзномаи “Дӯстлик” дар мавзӯи “Дӯстлик” - тараннумгари дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек”, Латофат Мирзосаидиён, сармуҳаррири маҷаллаи “Сафо” дар мавзӯи “Мавзуи ваҳдату ҳамдилӣ дар саҳифаҳои маҷаллаи “Сафо” ва Шарофати Дониёр, сармуҳаррири маҷаллаи “Меҳровар” дар мавзӯи “Бонувони Хатлон – посдорони сулҳу Ваҳдат” маърӯза намуданд.

Пас аз маърӯзаҳои пешбинигардида, аз ҷониби Комрон Расулзода ва Саттор Қарахонов, кормандони рӯзномаи “Хатлон” рӯнамоии китоби тозанашри рӯзномаи “Хатлон” - «Ваҳдатсаро» ва «Нома ба наслҳои оянда» пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Китоби «Ваҳдатсаро». Зимни муаррифии китоб гуфта шуд, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар доираи Соли маърифати китобхонӣ бо ибтикори идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» дар нашриёти «Мулквар»-и шаҳри Душанбе китоби нав бо номи «Ваҳдатсаро», дар ҳаҷми 254 саҳифа, бо фарогирии 57 мавод аз чоп баромад.

Ин маҷмӯа, ки мақолаҳои таҳлилӣ, очеркҳо ва лавҳаҳои публитсистиро фаро мегирад, кӯшише барои бозгӯ кардани роҳу равиши мушкили сулҳофаринӣ, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.

Мавдҳои китоби “Ваҳдатсаро” бо истифода аз услуби публитсистӣ-бадеӣ ва бо такя ба далелҳои таърихиву воқеӣ таҳия шудаанд. Онҳо симои сиёсӣ ва сарварии Пешвои миллатро дар барқарорсозии сулҳ, эҳёи давлатдории миллӣ муаррифӣ намуда, ваҳдати миллиро ҳамчун ғояи умумимиллӣ ва омили сарнавиштсоз барои ҷомеаи Тоҷикистон шарҳ медиҳанд.

Муаллифон тавассути мақолаҳои равшан аз рӯзгори пасоҷангӣ, суханрониҳо, иқдомҳои амадии Роҳбари давлат ва муносибати мардум бо ваҳдат тафаккури мукаммали иҷтимоиву сиёсиро дар заминаи ин падидаи муҳими миллӣ ташаккул медиҳад. Ин китоб ба хонанда имкон медиҳад, ки ба умқи ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нигариста, арзиши воқеии сулҳу субот ва ваҳдати тоҷиконро амитқар дарк кунад.

Китоби «Ваҳдатсаро» баёнгари руҳи миллати сарбаландест, ки дар сояи ваҳдат ва таҳкими худшиносии миллӣ роҳи рушду нумӯ ва зиндагии ободро интихоб кардааст. Маҷмуа барои донишҷӯён, таҳлилгарон, рӯзноманигорон ва кулли дӯстдорони таърих ва воқеияти муосири Тоҷикистон манбаи муҳими маърифатӣ ва ғоявӣ маҳсуб меёбад.


Китоби «Нома ба наслҳои оянда». Бо ибтикори идораи рӯзномаи «Хатлон» дар матбааи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мулквар»-и шаҳри Душанбе маҳсули эҷоди рӯзноманигори соҳибтаҷриба Саттор Қарахонов бо номи «Нома ба наслҳои оянда» аз чоп баромад.

Китоби «Нома ба насли оянда» дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ ва тибқи дастури раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид оид ба тарғибу ташвиқи маданияти шаҳрнишинӣ рӯйи чоп омадааст. Ин маҷмӯаи публитсистӣ мақолаҳои андешамандона ва пандомӯзеро дар бар мегирад, ки ба масоили муҳими рӯзмарраи ҷомеа бахшида шудаанд. Муаллиф бо нигариши хоса ва нигоҳи мардумгароёна масъалаҳои ватандӯстӣ, маърифати шаҳрнишинӣ, фарҳанги муошират, ахлоқи оилавӣ ва маърифати экологиро ба риштаи таҳлил мекашад.

Бо забони содаву равон ва сабку услуби хос муаллиф кӯшиш кардааст, ки насли ҷавонро ба андешидан, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва инсонӣ раҳнамун созад. «Нома ба насли оянда» як дастури ахлоқиву маънавӣ барои хонандаи ҷавон ва умуман ҳар фарди ҷомеа мебошад. Китоб даъват ба он аст, ки барои фардои беҳтар бояд имрӯзро бо масъулияту меҳру муҳаббат зиндагӣ кард.

Тавре ки дар пешгуфтори китоб гуфта шудааст, ин маҷмуа ҳосили андешаву таҷриба, панду андарз ва меҳру дилсӯзии шахсест, ки умри хешро ба рисолати қалам ва хидмат ба ҷомеа бахшидааст.

Саттор Қарахонов аз чеҳраҳои шинохтаи матбуоти тоҷик, публитсисти варзида ва роҳнамои маънавии чандин насли журналистон аст, ки наздик ба панҷ даҳсола дар идораи рӯзномаи “Хатлон” фаъолияти пурсамари эҷодӣ мебарад, - омадааст дар пешгуфтори китоб.

Маҷмӯа аз 4 қисмат иборат буда, насли ҷавонро ба ватандӯстию ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба анъанаҳои неки ниёкон, риояи одоби шаҳрнишинӣ ва маърифати экологӣ ҳидоят мекунанд.

Дар охир, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, даъват ба амал овард, ки мову шумо бояд сарзамини зебои худ – Тоҷикистони азизро сидқан дӯст дорем, ба қадру қимати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бирасем. Шукронаи ин неъматҳоро бояд ҳар рӯз ба ҷо оварем ва бо меҳнати ҳалолу созанда дар рушду шукуфоии Ватан саҳмгузор бошем.

Комрони БАХТИЁР,
Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ,
"хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода