Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - БАҚОИ МИЛЛАТ ВА УСТУВОРИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ”


“ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - БАҚОИ МИЛЛАТ ВА УСТУВОРИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ”



- зери ин унвон имрӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Коференсия бо сухани ифтитоҳии Ҷ. Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, оғоз гардид. Гуфта шуд, ки ҲХДТ ҳамчун қувваи пешбарандаи сиёсӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муассир бозидааст. Ин ҳизб бо ташаббусҳои созанда, сиёсати таҳаммулгароӣ ва дастгирии роҳбари давлат дар роҳи сулҳу субот тавонист заминаи устувори ҳамдигарфаҳмӣ ва якпорчагии ҷомеаро фароҳам созад.

Сипас, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон баромад намуда, Ваҳдати миллиро номаи тақдири миллат, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон маънидод намуд. «Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мешаванд, ки ба таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва ҳамбастагии умумимиллӣ мусоидат менамояд», - афзуд А. Абдусаломзода.

Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси ҲХДТ, оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории муосир сухан ронда, таъкид намуд, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ масъалаи баргардонидани гурезаҳо, таъмини сулҳ ва ризоияти ҷомеаро ҳадафи аввалиндараҷаи худ қарор дода буданд.

Дар баробари ин Диловаршоҳ Исозода, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДБ ба номи Нсоири Хусрав суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон оид ба пешравиҳо ва дастовардҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангие, ки халқи Тоҷикистон дар 28 соли охир ба даст овардааст андешаронӣ намуданд.

Комрони БАХТИЁР,
Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ,
"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода