Ҳаҷми умумии зарари офатҳои табиӣ ҳисоб карда шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 276
Бар асари офати табиии моҳи майи имсол ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Вахш, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Данғара ва Ёвон 85,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расидааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар натиҷа дар ин шаҳру навоҳӣ 111 хонаи шаҳрвандон пурра ва 170 адад қисман зарар диданд. Ҳамчунин, 1026 иншооти ёрирасони сокинон низ аз офат хисорот дид. Сохтмони хонаҳои пурра зарардидаи сокинон, ки дар шаҳри Кӯлоб 43 адад, Вахш 41 адад ва А.Ҷомӣ 20 адад бунёд гардида истодааст, дар наздиктарин фурсат ба анҷом расонида мешавад.
-
26-01-2021, 14:00
-
16-06-2021, 09:10
-
3-02-2021, 15:04
-
12-06-2021, 16:04