Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
13 январ дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2024 баргузор гардид.
Маҷлисро раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ, тақвиятбахшии фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат намуда, дар маҷмуъ, нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2024 мусбат ҷамъбаст карда шуд.
Дар идома гузориши муовини якуми раиси вилоят Музаффар Мирзозода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2024 шунида шуд. Зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавӣ дар сатҳи 42,8 миллиард сомонӣ таъмин шуд.
Ҳиссаи вилояти Хатлон дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ сол то сол тамоюли рушди устуворро касб намуда, дар соли гузашта 23,2 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 52,9 фоизи ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ, 28,4 фоизи гардиши мол, 12,3 фоизи ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, 37 фоизи ҳаҷми боркашонӣ ва 21,6 фоизи мусофиркашонии ҷумҳурӣ ба вилояти Хатлон рост меояд.
Муовини якуми раиси вилоят ҳамчунин оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои саноат, иҷтимоиёт, роҳу нақлиёт, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди сайёҳӣ маълумот дод.
Гуфта шуд, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмони 6260 иншоот пешбинӣ гардида, дар умум зиёда аз 3,5 ҳазор биною иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Танҳо дар соли 2024 дар вилоят зиёда аз 1240 иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси садҳо ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни баромади худ таъ-кид намуд, ки бояд тамоми саъю талош баҳри рушди бомароми маҷмуи соҳаҳои иқтисодиёт, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ сафарбар сохта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, зиндагии осоишта ва босаодати сокинони ви-лоят равона карда шавад.
Дар ҷаласа аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз масъулони ниҳодҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳалталаб пурсишҳо сурат гирифта, ҳаллу фасли саривақтии онҳо тақозо гардид.
Ба таъкиди раиси вилоят Давлаталӣ Саид, гарчанде рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2024 таъмин гардид, дар аксар шаҳру ноҳияҳо имконият ва захираҳои истифоданашуда хеле зиёд мебошанд. “Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2025 саривақту босифат таъмин намоем”, - афзуд раиси вилоят.
Маврид ба зикр аст, ки таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалигардонии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тақвиятёбии истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, технологияҳои муосири кишту парвариши зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифату баландҳосили репродуксионӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ватанӣ ва дар маҷмуъ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ такони ҷиддӣ бахшида, афзоиш ва суръати рушди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ таъмин гардида истодааст.
Зикр гардид, ки роҳбарон, фаъолон ва меҳнаткашони вилоят дастуру супориш, ҳидоятҳо ва вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат баённамударо ҳамарӯза пешаи корӣ қарор дода, масъулият ва фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ наму-дани онҳо боз ҳам афзун менамоянд.
Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармои пешорӯ, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълими ғайриқонунии динӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Н. Маъмурзода,
«Хатлон
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.