Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2024


Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2024




Беш аз 60 иншоот бо иштироки Пешвои  миллат ба истифода супорида шуд

Соли 2024 барои аҳли заҳмати вилояти Хатлон пурбаракат ва бобарор маҳсуб меёбад. Зеро бо шарофати қадами мубораки Сарвари  маҳбуби  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  ки  давоми сол бо таваҷҷуҳи хос 5 маротиба ба Хатлонзамин ташриф оварданд,  дар  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят  бо  иштироки  шахсии Президенти кишвар 62 биною иншоот дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар  доираи  сафарҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  шаҳру  ноҳияҳои  Бохтар,  Левакант, Норак, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ховалинг, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2024 даҳҳо  адад  иншооти  таъйиноти  гуногун  бо  таъсиси  ҳазорҳо  ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳар  як  сафари  кории  Сарвари  давлат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба  вилояти  Хатлон  файзу  баракат,  фаровонию  нусрат  ва саодату шукуфоиро афзун намуда, азму суботи бунёдкоронаи мардуми шарифи Хатлонзаминро дар самти татбиқи ташаббусҳои ояндасоз  таҳким  мебахшад  ва  онҳоро  ба  фардои  дурахшони  ватани азизамон мутмаин месозад. 

Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар  шаҳри  Ню-Йорки  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  дар Ҳамоиши Оянда пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.

Имрӯз  мо  шоҳиди  афзоиши  низоъҳо  дар  манотиқи  гу-ногуни  ҷаҳон  ҳастем,  ки  садҳо ҳазор  талафоти  ҷониро  байни аҳолии  осоишта  дар  пай  до-ранд», - зикр доштанд Президенти Тоҷикистон.Ҳамзамон  таъкид  намуданд, 

ки  роҳбарони  давлатҳоро  зарур аст,  ки  атрофи  ҳадафҳои  умумӣ бо  мақсади  таъмини  сулҳи  пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима  бахшидан  ба  ранҷу  азоби  одамон  бар  асари  ҷангҳо  ва пайомадҳои  даҳшатбори  онҳо муттаҳид шаванд.

«Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми  муассир  барои  тақвияти нақши  асосии  Созмони  Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии  сулҳу  субот  дар сайёра  кор  бигирем»,  -  изҳор доштанд  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон.

СММ ташаббуси навбатии Тоҷикистонро пазируфт

2  майи  соли  2024  Маҷмаи  Умумии  Созмо-ни  Милали  Муттаҳид  ташаббуси  навбатии Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  -  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани “Рӯзи байналмилалии морхӯр” тариқи қатъномаи дахлдор пазируфт.

Қатънома ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро ҳамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст. Дар он инчунин аҳамияти  ҳамкориҳои  байналмилалӣ  ва минтақавӣ  оид  ба  ҳифзи  морхӯр,  эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, қайд карда шудааст.

Бо  қабул  гардидани  қатъномаи  мазкур рӯзи 24 май “Рӯзи байналмилалии морхӯр” эълон гардид. 

«Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду  боварии  шаҳрвандон  ба  мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ  дар  байни  140  давлати  ҷаҳон  дар  ҷойи  сеюм қарор  гирифт.  Ин  маълумот  дар  Раддабандии  солонаи ҳуқуқ ва тартиботи Пажуҳишгоҳи амрикоии Соз-мони Геллап «Gallup2024» оварда шудааст.

Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон ва Сингапур бо гирифтани 95 хол дар рейтинги  умумиҷаҳонии  бехатарӣ  баъди  Давлати  Кувайт  қарор  доранд.  Зимни таҳқиқот 146 000 нафар пурсида шуданд.

Аз рӯи натиҷаи назарпурсие, ки муаллифони раддабандӣ гузаронидаанд, тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос намекунанд ва ба мақомоти ҳифзи тартибот бовар доранд.

СММ ташаббуси Рустами Эмомалиро ҷонибдорӣ намуд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар  бораи  эълон  намудани  Рӯзи  ҷаҳонии  футбол,  ки аз  ҷониби  Президенти  Ассотсиатсияи  футболи  Осиёи  Марказӣ  (CAFA),  Президенти  Федератсияи  футболи Тоҷикистон  муҳтарам  Рустами  Эмомалӣ  пешниҳод  гардида буд, қабул намуд.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи  футболи  Осиёи  Марказӣ,  Президенти  Федератсияи 
футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи рӯзи 25 майро эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол якдилона пазируфт.


Ҷашни Меҳргон ҷаҳонӣ шуд

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  боз  як  ҷашни  суннатии  мо  –  Меҳргон расман  ба  Феҳристи  репрезентативии  мероси  фарҳанги ғайримоддии башарият - ЮНЕСКО сабти ном шуд.

Дар  ҷаласаи  19-уми  Кумитаи  байнидавлатии  ҳифзи  мероси фарҳанги  ғайримоддӣ,  ки  дар  шаҳри  Асунсйони  Парагвай  баргузор гардид, номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Эрон “Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид шуд.

Инчунин,  номинатсияи  муштараки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ” (“Art of crafting and playing rubab/rabab”) низ расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ шомил гардид.

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал иҷро шуд

Дар  шаҳри  Бохтар  чорабинии  сиёсӣ-фарҳангии “Рӯзи даъватшаванда” дар фазои тантанавӣ баргузор гардид, ки наваскорон шиору парчам дар даст то майдони ҷашгоҳ роҳпаймоӣ намуданд.

Тибқи  иттилои  Комиссариати  ҳарбии  вилояти  Хатлон  бори аввал дар таърих ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи аввал 100 фисад иҷро намуданд, ки ин аз дарки баланди ватандорӣ ва ҳимояи ҳар ваҷаб замини ин давлат гувоҳӣ медиҳад.

Форуми “Хатлон инвест” баргузор шуд

Рӯзҳои 17-18 октябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ - 
содиротии “Хатлон Инвест” баргузор гардид.

Дар кори Форум ва Намоишгоҳи “Бохтар Фуд-2024”, раиси вилояти  Хатлон  Давлаталӣ  Саид,  муовини  Сарвазири  мамлакат 
Усмоналӣ Усмонзода, беш аз 400 нафар намояндагони корпусҳои дипломатӣ,  доираи  васеи  соҳибкорону  сармоягузорони  ватанию хориҷӣ ширкат варзиданд.

Дар рафти форум беш 30 қарордоду созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 220 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.

Аз таърихсозии тими миллӣ то сархати  сомонаҳои варзишии ҷаҳон

Дастаи  мунтахаби   Тоҷикистон   дар   аввалин иштирокаш ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт ва таърихи нави футболи кишварро дар ин мусобиқаи  бонуфузи  осиёӣ  сабт  намуд.  Маҳз  ҳамин таърихсозӣ буд, ки мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои варзишии минтақаву ҷаҳон қарор гирифт.

Агентии “Рейтер” таҳти сарлавҳаи «Тоҷикистон аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб на-муда, ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт» аз ғалабаи дастаи мунтахаби давлати мо хабар дода, навиштааст, ки дар таърихи Ҷом  Тоҷикистон  пас  аз  Австралия  (соли  2007)  дуюмин  навомад (дебютант) аст, ки ба даври ¼-ниҳоӣ баромад.

«Тоҷикистон ҳамчун навомади Ҷоми Осиё дар роҳи расидан ба орзуяш то чӣ андоза пеш меравад?», — навиштааст Шабакаи байналмилалии варзишии амрикоии «ESPN». «Ҳатто бо он ки бори аввал Тоҷикистон дар майдони бузургтарини футболи Осиё ҳунарнамоӣ менамояд, аз чизе ҳарос надорад», - омадааст дар хабар. 

Шабакаи телевизионии байналмилалии Фа-ронса «France24» бо инъикоси пирӯзии дастаи мунтахаби мамлакати мо навиштааст, ки баъд аз роҳ ёфтан ба даври 1/8-ниҳоӣ барои Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 маҳдудият вуҷуд надорад. 


Се медали биринҷӣ дар Бозиҳои олимпӣ

Дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 соҳиби се медали биринҷӣ гардид. Ду медали биринҷиро дар риштаи ҷудо ва як медали дигарро дар риштаи бокс ба даст оварданд.

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг дар даври нимниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс бо варзишгар аз кишвари Ӯзбекистон Лазизбек Муллоҷонов рақобат намуда, шикаст хӯрд ва соҳиби медали биринҷӣ шуд. 

Ҷудокор Сомон дар рақобат барои медали биринҷӣ бар ҷудочӣ аз Италия Антонио Эспозито ғолиб омада, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи ҷудо варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кг дар сабқат барои  медали  биринҷӣ  варзишгари  тоҷик  бар  Анди  Гранда  аз  Куба пирӯз шуд.

Таҳияи ФАРОМӯз

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода