Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БАҲРИ ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН БЕШ АЗ 19 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶУДО ГАРДИД


БАҲРИ ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН БЕШ АЗ 19 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶУДО ГАРДИД



Аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии маъюбону камбизоатон, кӯдакони бепарастор, хонаҳои ятимон, хона-интернатҳо, қисмҳои ҳарбӣ, ҷамъиятҳои маъюбон, оилаҳои камбизоату ниёзманд ва собиқадорони меҳнат диққати махсус дода, мувофиқи имкониятҳои  молиявӣ 19 ҳазору 70 сомонӣ кӯмакпулиҳо ҷудо намудааст.
 
Бино ба иттилои Наҳтуллозода Давлатмурод, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дастгирӣ ва хайру эҳсон намудан ба ятимону маъюбон, беморону ниёзмандон, поси хотири гузаштагон, пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон аз зумраи беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад.
 
Ғамхорӣ нисбат ба ниёзмандон, пирону барҷомондагон ва маъюбон дар ҳама иду айём ва ҷашнҳои миллӣ як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дар ин доира пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода