Бо бахти наку Соли нав оғоз шавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 136
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2025
Ҳамдиёрони арҷманд!
Боиси суруру шодмонист, ки мову шумо Соли нави мелодиро дар фазои осоиштагиву субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегирем.
Ба ин муносибат тамоми сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба муносибати Соли нави мелодии 2025 самимона шодбош гуфта, бароятон сарбаландӣ, саодатмандӣ ва дар зиндагию фаъолияти созандаатон барору муваффақиятҳои беназир таманно дорам.
Дар соли 2024 раванди корҳои ободониву созандагӣ дар Ватани маҳбубамон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастаҷамъонаву ҳадафманд тақвият ёфтанд. Дар ин раванди муҳим бо мақсади татбиқи нақшаҳои стратегии мамлакат ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлатамон бо қадамҳои устувор пеш рафтем. Аҳли заҳмат ва кулли сокинони сарбаланди вилояти Хатлон дар ин раванд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ софдилонаву ватандӯстона заҳмат кашида, дар татбиқи нақшаҳои созандаи давлат ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон ба ҳадди имкону тавоноӣ саҳм гузоштанд.
Баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, натиҷаҳои самараовари сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ин замина бунёди садҳо иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилояти Хатлон мусоидат намуд.
Соли 2024 дар самти таҳкими сиёсати давлатӣ соли бобарору хотирмон ба шумор рафта, зимни сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 62 биною иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, дар доираи сафари кории Сарвари давлат зиёда аз 100 биною иншооти марбут ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо дарназардошти зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, барои сокинони вилоят шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки фаъолон ва меҳнаткашони вилояти Хатлон дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми самтҳои муҳими хоҷагии халқи вилоят таҳким бахшида шуданд.
Вобаста ба ин, дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ бо ташаббусҳои шоиста бо дастгирии ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва мардуми шарафманди вилоят зиёда аз 3700 иншооту биноҳои хуштарҳи истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, ба ҳалли аксари мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуданд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва заҳматҳои босамари мардуми шарафманди вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ афзун гардида, ҷиҳати таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам, таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, бештар ҷалб намудани сармо-яи хориҷию дохилӣ ба иқтисодиёти вилоят, тақвияти фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ, махсусан, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дар ин замина мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии со-кинон тадбирҳои муайян амалӣ гардида, аксари нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон соли 2024 мусбат ҷамъбаст гардиданд.
Аз аввали соли равон нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ба 27,9 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ҳиссаи он дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 27,2 фоиз баробар гардид.
Дар ин давра ҷамъоварии андозҳо бо дар-назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 2,5 миллиард сомониро ташкил дода, иҷрои он дар сатҳи 103,8 фоиз таъмин гардида, ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 3,4 миллиард сомонӣ, аз он 2,4 миллиард сомонӣ ё 89,8%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шуд. Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат имкониятҳои хуб фароҳам оварда шуда, аз аввали сол ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 11,1 миллиард сомониро таш-кил намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 734,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин муддат дар ҳудуди вилоят 80 корхонаю коргоҳи саноатию истеҳсолӣ бунёд ёфтанд, ки ин дастовардҳо, натиҷаи дастгирии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум аст.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 35,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 банди фоизӣ ва ё 3,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи вилоят дар ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 53 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давоми сол дар соҳаи иҷтимоӣ низ дастовардҳо хуб ба назар расида, дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини инфрасохтори соҳа 155 иншооти соҳаи маориф, дорои 1133 синфхона барои 56300 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуданд.
Хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилоти вилоят аз иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон - ватани азизи ман” ду Шоҳҷоиза ва 67 ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд, ки дастовардҳои назарраси илмию маърифатӣ маҳсуб меёбанд. Бодарназардошти ин, бо мақсади тақвияти забондонӣ ва роҳ ёфтан ба дастовардҳои муосири байналмилалӣ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону навра-сон дар вилояти Хатлон соли 2025 - «Соли фарҳанги китобхонӣ» эълон карда шуд, ки ҷиҳати тақвияти забондонӣ ва роҳ ёфтан ба дастовардҳои муосири байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Мардуми худшиносу ватандӯсти вилояти Хатлон дар сиёсати бобарори Асос-гузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, собитқадам ва устувор буда, бо кору пайкори натиҷабахш ҷиҳати таъмини рушди устувори мамлакат саҳми шоиста гузоштанд.
Сокинони вилоят бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус паёмадҳои ногувори ҳодисаҳои террористию экстремистӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, дастовардҳои таърихӣ, аз ҷумла пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода буда, дар ҳифзи сарҳади давлатӣ пешсафу собитқадаманд. Дар замони Истиқлоли давлатӣ аввалин маротиба соли 2024 нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар рӯзи якуми маъракаи сафарбарӣ таъмин гардид, ки ин дастоварди беназир маҳсуб мешавад.
Бо мақсади идомаи ташаббусҳо дар соли равон тамоми сокинони вилоят бо усули фардии “Хона ба хона” ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуда, бо мақсади сабзгардонии кӯчаву маҳал, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ нақшаҳои наву созанда тарҳрезӣ гардиданд.
Сокинони вилоят бо бардошт аз дастуру ҳидоятҳое, ки дар Паёми навбатии Пре-зиденти кишвар ба мо оид ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ироа гардид, дар соли нави 2025 барои вусъати корҳои бунёдкориву созандагӣ, рушди минбаъдаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва маҷмуан, ҷиҳати сифатан беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум пурмаҳсул заҳмат кашида, бо меҳнати созандаи худ дар рушди маҳал саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин нияти нек, бори дигар тамоми сокинони соҳибсаодати вилоятро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бо-баракат орзу менамоям.
Соли нави мелодии 2025 муборак бошад, ҳамватанони азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...