Айёми орзуҳои нав
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 140
Охири сол барои одамон давраи ҷамъбасти корҳо, ҳисоботу таҳлили натиҷаҳост. Ҳар як мо сари он андеша мекунем, ки дар соли сипаришуда кадом корҳоямонро иҷро кардему кадом нақшаҳоямон нимкора монданд ё тамоман барои амалӣ кардани онҳо вақт наёфтем.
Инсон ба рӯзгори гузаштааш нигариста, хулоса набарорад, ояндаро чӣ гуна тасаввур карда метавонад? Ҳамеша гузашта, имрӯз ва ояндаи мо, инсонҳо баробари ақрабаки соати ҳаётамон дунболи якдигар сония, дақиқа, рӯзу ҳафтаҳо ва моҳу сол дар ҳаракатанд. Зиндагӣ бо мароми худ меравад. Новобаста аз нақшаву ниятҳои мо.
Мо барои худ ин вақтро дуруст сарф мекунем ё не, масъалаи дигар аст. Бо гузашти соли куҳан дар арафаи соли нав эҳсос мекунем, ки чӣ бурд кардему чиро бохтем. Рӯзҳои хушу хотирмон, муваффақият, пешравӣ моро хурсанд мекунанд, ҳисси қаноатмандӣ медиҳанд. Аммо нақшаҳои амалинашуда, гум кардани одамони ба дил наздик, бемориву ғам чун хатти ҳампаҳлӯи шодиҳоямон боқӣ мемонанд. Инро ҳаёти одамӣ мегӯянд. Неруе ҳаст, ки моро боз ба ҳаёт дилгарм мекунад. Бо омадани соли нав тақвими орзуҳо аз нав кашида мешавад. Боз ба худ қавл медиҳем, ки корҳои ба сомон нарасонидаро албатта иҷро мекунем.
Умеду боварӣ, ки дар соли нав мо беҳтар зиндагӣ мекунем, корҳоямон пешрав мешавад, ақлу равони моро роҳбаладӣ мекунанд. Табъи идонаи истиқболи солинавӣ хурду калонро ором намегузорад. Кӯдакон дар орзуи аз Бобои барфӣ гирифтани туҳфа ҳастанду барои ин шеъру суруд азбар мекунанд. Бо либосҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ муддате дар нақши онҳо шуда, хурсандӣ мекунанд.
Лаҳзаҳои беғамиву сурур дар олами орзуҳои кӯдакона барояшон чӣ гуворост. Падару модарони онҳо дар зери арча туҳфаҳои пури шириниву бозичаҳоро омода карда, шодии онҳоро дучанд мекунанд. Дар шишаи тирезаву сақфи хонаҳо, корхонаву мағозаҳо ороиши рангоранги солинавӣ, чароғаку овезаҳо аз ид дарак медиҳанд.
Калонсолон ҳам байни дӯстону ҳамкорон маҳз дар пешомади Соли нав иҷрои барфиҳоро ба уҳда мегиранд.
Дар ҳар хонадон дастурхони идона ороста шуда, аҳли оила барномаҳои телевизионӣ, консерту филмҳоро базавқ тамошо мекунанд. Фазои хурсандӣ ҳар хонадон, маҳалла, кишвар ва тамоми оламро фаро мегирад. Арчаҳои перостаи кӯчаву хиёбонҳо, ҷамъ шудани мар-дум, навои суруду рақс, хандаи шӯхӣ аз ҳар гӯшаи олам садо медиҳад. Ҳама аз соли нав умеде доранд. Соли нав айёми орзуҳост. Он ба синну сол, касб, миллат, эътиқоди одамон коре надорад.
Соли нав муждаи омадани боз як давраи нави зиндагии мост. Мо бо шукргузорӣ аз он ки ба Соли нав расидем, пайи тарҳрезии нақшаҳои нав мешавем. Бошад, ки ҳамеша зиндагии осудаву ором дошта бошему ба орзуҳоямон бирасем. Дар арафаи соли нав ният кардан фоли нек аст. Барои ҳама айёми идомаи зиндагӣ, тасмиму нақшаҳои нав муборак бошад!
Д. МАҲКАМЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...