Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » "ЧАРОҒИ СЕҲРНОК"


"ЧАРОҒИ СЕҲРНОК"



Бобои  Шариф  нафақаи  худ  ва  завҷаашро гирифта  омад.  Чолу  кампир  серфарзанд-се духтари  оиладору  серфарзанд  дорад.  Аслан ҳамасола  онҳо  дар  хонаи  падарӣ  ҷамъ  омада, соли  навро  истиқбол  мегиранд.  Акнун  бобою бибӣ намедонистанд, бо ин нафақаи ночиз фарзандону  набераҳояшро  чӣ  тавр  меҳмондорӣ мекунанд.

Кампир  халтаеро бароварда,  ба  дасти мӯйсафед  часпонду номгӯи чанд хели маводи ғизоиро  ба  забон  гирифт. 

Бобо  як  табассум  карда, “ин  қадар  фармудаатро бо  ин  миқдор  маблағ  гирифта  наметавонам”,  - г у фт.

-Худат  медонӣ,  ҳарчи дастрас  шавад,  гирифта биё,  -  таъкид  намуд  кампир.

Мӯйсафед  ҳанӯз  аз дарвоза  набаромада,  боз овози бибӣ ӯро боздошт.

-Як  чароғи  карасинӣ ҳам гирифта биё, - илова кард зан.

-О-ҳо!  Иштиҳоят қозгир-ку!

Мӯйсафед  ба  роҳ  баромад.  Баъди як  соат  вориди  бозор  шуда,  намедонист харидро аз чӣ сар кунад. Пеш аз ҳама  “заказ”-и  завҷааш  -  чароғро  гирифт.  Фурӯшанда  “Чароғи  росийский, зӯри зӯраш, бобо” - гӯён молашро таъриф  кард.  Вале  чароғ  ба  таърифаш наарзид. Чанд ҷояш сӯрох будааст, аз занак хуб гап шунид.

-Мӯйсафеди  пиру  содаро  ёфта, моли  паста  бор  кардаанд.  Равған  мегузаронад,  боз  хонама  алов  назанӣ. 

Як  чиза,  ки  харидӣ,  инсуну  усунашро нигоҳ  карда  бигир.  Бе  пул  намегирӣ-ку?! Пул дода, “ҳалолаша” мегирифтӣ,-ғур-ғур кард кампир.

-Ин  нашавад,  ҳамон  “Чароғи Аловуддин”-а  аз  тагхона  бароварда даргирон. Эҳтиёт шав, чароғ куҳна, аз дохилаш дев баромада намонад,-ҳазл кард мӯйсафед.

-Кошкӣ дев мебаромаду чанд тала-бамро иҷро мекард, рӯзгорамон ба танзим  меомад,  -  гуфт  кампир  ва  рафта чароғи куҳнаро бароварда даргиронд.

...  Чароғ  хира-хира  равшанӣ  медоду  дуд  мебаровард.  Бӯйи  равғани рехта  хонаро  пахш  намуд.  Кампир  аз кӯрдуди  андохтааш  сулфида-сулфида латтапораеро  ёфта,  тани  чароғро  пок кард. Дар ҳамин вақт аз дохили чароғ деви  бузургҷуссае  бадар  шуд.  Риши дев расида буд. Кампир аз тарс тахта гашт. “Гапи шавҳарама гӯш надодам, ӯ рост мегуфтааст”,-аз дил гузаронд зан. 

Дев сари таъзим овард пеши кампир.

-Момо,  ман  ба  хизмати  Шумо  тайёрам,  се  шарти  худро  бифармоед,-ба забон омад дев.

-Ҳой  дев,  фиреб  намедиҳӣ?  Ҳоло ба чизе боварӣ намондааст.

-Ман  деви  фиребгар  нестам,  бифармо.

-Бовар  намекунам,  фиребам медиҳӣ.

-Гуфтам-ку,  ман  девам,  на  одами шумо мегуфтагӣ. Одамонанд найрангбозу фиребгар.

-Ҳамаи  фармудаамро  иҷро  карда метавонӣ?

-Бале,  се  шартатонро  иҷро  мекунам. Худованд ба ман ду қувват дода: яке ҷисмонию дигаре руҳӣ.

-Ин тавр бошад, гӯш кун, дев! Наберагонам бозуи корӣ доранду ба хонаю ҷой  эҳтиёҷ.  Хонаю  мошини  хориҷии муфт  лозим  нест.  Ҷойи  корӣ  ёфта  те, бо  меҳнати  ҳалол  даромади  хуб  биёбанд.-Наметавонам,  ман  девам,  на  вазири шуғли аҳолӣ. Шарти дуюматонро бифармоед,-гуфт дев.

Дар  бозор  нарху  наво  гарон  аст, дар савдогарон инсоф намондааст. Ба онҳо инсоф бидеҳ,-хоҳиш кард кампир.

-Аз  Худованд  илтиҷо  мекунам,  ки раҳми мардумро бихӯрад. Зеро ин кор аз  дасти  худам  намеояд,-посух  дод дев.

-Шарти сеюмамро шунав. Метавонӣ дар  муддати  кутоҳ  ҳамаи  дуздону қаллобон ва ҷодугарону талбандаҳоро нест кунӣ?

-Ин  мавзуи  кормандони  милиса аст, ман ҳамагӣ девам, - беҷуръатона посух  дод  дев.  -Барои  худатон  ягон хоҳише надоред? Зудтар бошед, ҳозир барқ  хомӯш  мешаваду  роҳамро  сӯи хона намеёбам.

-Ақаллан  соатҳои  барқдиҳиро  да-розтар карда метавонӣ?-ба қаҳр омад кампир.

-Мумкин, ба шарте, ки мардум пули барқро  сари  вақт  супоранд.  Дар  акси ҳол...

-Эъ,  равэ,  деви  ношуд,  аз  дастат  коре  намеояду  боз  даҳанкалонӣ мекунӣ, - гӯён чароғи дасташро аз паси деви гурехтаистода ҳаво дод кампир...

Бӯйи  ғализи  равғани  чароғ  ба димоғи  кампир  зада,  тарсида  аз  ҷой хест. Чароғи поёнӣ зада чаппа шудаю равғанаш  рӯи  гилем  мерехт.  Кампир чашмонашро  молида,  чароғро  аз  нав батартиб овард.

-Хайрият, ҳамааш дар хоб будааст. 

Набошад, боиси хандахароши мардум мешудам, - зери лаб мегуфт кампир...

С. АТТОР,
“Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода