10 ВАРЗИШГАРИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2024
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 163
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини соли 2024-ро эълон кард. Дар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони чор намуд – ҷудо, бокс, гуштии озод ва самбо дохил шуданд.
Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) - барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ва қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар вазни то 81 кг;
Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни +100 кг;
Давлат БОЛТАЕВ (бокс) - барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни то 92 кг;
Абдулмаҷид КУДИЕВ (гуштии озод) - барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Тиранаи Албания дар вазни то 70 кг;
Акмал УБАЙДОВ (бокс) – барандаи медали тиллои қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 60 кг;
Виктор РАССАДИН (гуштии озод) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни то 74 кг;
Парвиз КАРИМОВ (бокс) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 92 кг;
Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Tashkent Grand Slam 2024” дар вазни то 66 кг;
Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2024” дар вазни то 60 кг;
Сорбон ЛАТИФОВ (самбо) – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар вазни то 64 кг.
“Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 ва қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали биринҷӣ гирифт, беҳтарин варзишгари соли 2024 дониста шуд”, - иброз дошт раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов.
«ХАТЛОН»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...