Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
«Садоқат ба Пешвои миллат - садоқат ба Ватан»
Соли 2024 бо ибтикори рӯзномаи “Хатлон” дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят китоби наве бо номи «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан» ба чоп расид.
Дар маҷмӯаи мазкур беҳтарин маводҳои озмуни эҷодии «Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан» гирд оварда шудаанд.
Китоб аз 180 саҳифа иборат буда, бо сифати баланд дар нашриёти шаҳри Душанбе ба табъ расидааст.
«Панҷоҳ варақ ханда»
Зери ин унвон маҷмуаи тозанашри собиқадори матбуоти тоҷик, собиқ котиби масъули рӯзномаи “Хатлон” Саидҷаъфар Баёзӣ дар ҳаҷми 160 саҳифа бо теъдоди 200 нусха аз чоп баромад.
Китоби мазкур бо ибтикори рӯзномаи “Халон” ба нашр расида, пешкаши хонанда гардидааст.
Маҷмӯа фарогири 50 памфлету ҳикояҳои ҳаҷвии муаллиф мебошад.
«Асосҳои таҳрири матни журналистӣ»
Маҷмуаи “Асосҳои таҳрири матни журналистӣ” ба хотири иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид оид ба муаррифӣ ва омӯзиши таҷрибаи рӯзномаи “Хатлон” ба нашрияҳои дигари маҳаллӣ, бо мақсади гиромидошти забон ва таъмини риояи қоидаҳои имло дар нашрияҳои даврӣ ва маводи журналистӣ омода ва рӯи чоп омад. Дастури таълимӣ аз 144 саҳифа иборат мебошад.
«Рисолати муҳаррир»
Бо саҳми рӯзномаи “Хатлон” маҷмӯаи “Рисолати муҳаррир” аз чоп баромад.
Китоби мазкур аз 118 саҳифа иборат буда, ба фаъолияти бисёрсола ва самарабахши муҳаррирони номдори нашрияи вилоятии “Хатлон” бахшида шудааст, ки ҳар яке аз онҳо дар ташаккули мактаби эҷодӣ саҳми барозанда гузоштаанд.
«Журналистикаи парламентӣ»
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар нашриёти “Матбаа”-и шаҳри Бохтар таҳти унвони “Журналистикаи парламентӣ” дастури таълимӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигории донишгоҳҳо рӯйи чоп омад. Муаллифи он сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон”, номзади илмҳои филологӣ Носирҷон Маъмурзода мебошад.
Китоби дарсӣ аз 166 саҳифа иборат буда, дар бораи таърихи парламент, сохтор, вазифаҳо ва салоҳиятҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди интихобот, махсусиятҳои фаъолияти журналистони парламентӣ ва воситаҳои ахбори оммаи парламентӣ маълумот медиҳад.
«Ашки қалам»
Аз тарафи идораи рӯзномаи “Хатлон” маҷмӯаи “Ашки қалам” ба муносибати 80-умин солгарди собиқадори матбуот ва маорифи тоҷик, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон Амирализода Ашк-Ашӯралии Юсуфӣ ба табъ расонида шуд.
Маҷмуаи “Ашки қалам” аз се фасл иборат аст.
Ин китоби 100-саҳифагӣ дар ҶДММ “Матбаа”-и шаҳри Бохтар ба табъ расида, ба оммаи васеи хонандагон пешниҳод гардид.
«Маъри фати ҳуқуқӣ»
Бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ибтикори идораи рӯзномаи “Хатлон” маҷмуаи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ бо номи “Маърифати ҳуқуқӣ” ба чоп расид.
Маҷмӯа аз 240 саҳифа ва наздик ба 60 мақола иборат мебошад.
Китоби мазкур аз гулчини мақолаҳое мураттаб шудааст, ки дар доираи озмуни муштараки идораи рӯзномаи «Хатлон» ва Суди вилояти Хатлон - «Маърифати ҳуқуқӣ» ба чоп расидааст.
Мураттибони маҷмӯа ҳадафи интишори онро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кардаанд, ки мутолиаи маҷмуаи мазкур, ки дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ таҳия ва манзури хонандаи арҷманд шудааст, ҷомеаи моро боз ҳам пешрафта ва адолатпарвар менамояд. Зеро талаботи асосии Соли маърифати ҳуқуқӣ аз рӯйи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият ва зиндагӣ намудан аст.
«Оли ҳаи меҳр»
Аз тарафи идораи рӯзномаи “Хатлон” маҷмӯаи “Олиҳаи меҳр” дар матбааи ҶДММ “Ношир-С”-и шаҳри Бохтар бо теъдоди 200 нусха аз чоп баромад.
“Олиҳаи меҳр” маҷмӯаи иборат аз мақолаҳоест, ки дар доираи озмунҳои эҷодии“Олиҳаи меҳр” ва “Занон - нигини тоҷик миллат” гирдоварӣ шудаанд. Озмунҳои мазкурдавоми соли 2024 аз ҷониби идораи рӯзномаи“Хатлон” дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занонва оилаи вилояти Хатлон бо мақсади гиромидошти модар ва чеҳранигории бонувони фаъоли Хатлонзамин баргузор гардидаанд.
Маҷмӯа аз се қисмат иборат буда, маводипурмуҳтавои публитсистӣ, таронаву шеърҳорофаро гирифтааст. Он ба доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.