Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷашни муқаддаси тирамоҳӣ


Ҷашни муқаддаси тирамоҳӣ


Субҳгоҳон...  Тирезаро  мекушоям  ва ҳавои  тозаю  серуни тирамоҳиро  нафас  мекашаму  меандешам: “Имрӯз  ҳавои  хеле  хубе хоҳад шуд”.

Аслан  фасли тирамоҳро  хеле  дӯст  дорам,  махсусан  моҳи  ноябрро. Табиат як афсун ва як сукути аҷибе дорад. 

Ҳаво на он қадар гарми гарм ва на хунук аст. Рӯзҳо кӯтоҳ, вале офтобак гармакаку “хандон” аст. Ҳар як барг бо рангу ҷилои нотакрор аз зебоии хеш дарак медиҳад.  Ҳар  як  барг  “видоъкунон”  моро  ҳушдор медиҳад, ки умр кӯтоҳ асту онро барабас нагузаронем. Қадри зиндагӣ, модар, падар ва Ватан ва азизони хешро донем. 

...Набзи  тирамоҳро  метавон  дар  сайру  тамошои шаҳри азизам Кӯлоб эҳсос кард, “ғавғо”-и па-рандагон дар шохи дарахтони боғи шаҳр, хишир-хишир садо додани барги дарахтон дар зери пой, якто-якто “хайрбод” гуфтани барги дарахтон бисёр мафтункунанда аст.

...Аз  радиои  боғи  марказии  шаҳр  дар  бораи ҷашну  идҳо  дар  моҳи  ноябр  дар  робита  ба  эҳёи бузургони  гузаштаи  халқамон  ва  пос  доштани арзишҳои  миллии  мардуми  тоҷик  садо  медиҳад. 

Ман  қадамзанон  ба  овози  ровӣ  гӯш  меандозаму ба худ мегӯям: “Дар ҳақиқат, моҳи ноябр се ҷашни муқаддас  дорад:  Рӯзи  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рӯзи  Парчами  Тоҷикистон  ва  рӯзи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон.  Ин  ҷашнҳо дар  Тоҷикистон  ҷойгоҳи  махсуси  худро  доранд. Вале “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ҳамасола  16  ноябр  дар  саросари  кишвар  таҷлил карда мешавад, барои мардуми Тоҷикистони азиз махсус аст.

Барои  хурду  бузурги  Тоҷикистони  азиз  рӯзи 16  ноябр  рӯзи  маъмулӣ  не,  балки  рӯзи  таърихист,  зеро  16  ноябри  соли  1992  дар  шаҳри Хуҷанд  Иҷлосияи  16-уми  Шурои  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор  гардид.  Ва  боз  он  ҳам  дар чӣ  ҳоле?...  Дар  он  ҳоле,  ки  Ватан  оғуштаи  хуни фарзандони хеш буд. Модари тоҷик фарзанд гум кардаву гушнаю овораю дар ба дар мегашт. Овози ҷонхароши гиряву нола қариб, ки аз ҳар хона-дон шунида мешуд... Шаҳри Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт, мардум нони хӯрдан надоштанд. Мардум барои як бурда нон соатҳо дар на-вбат  меистоданд,  аксар  вақт  гуруснаю  хаста  бо дасти  холӣ  ба  хона  бармегаштанд.  Дар  кӯчаҳои шаҳр  шаб  куҷо,  дар  рӯз  гаштугузор  кардан  ҳам номумкин буд.

МАГАР МЕШАВАД ОН РӮЗҲОРО БА БОДИ ФАРОМӮШӢ СУПУРД? МАГАР МАРДУМИ КИШВАРИ АЗИЗИ ТОҶИКИСТОН ҲАҚ ДОРАД, КИ ОН РӮЗҲОРО АЗ ЁД БАРАД?! НА!

Ва  ана  дар  ҳамин  рӯзҳои  ҳассосу  мушкил  ва сарнавиштсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб  гардид.  Тоҷикистон  як  қадам  ба  сӯи “умед”, як қадам ба сӯи “наҷот” гузошт. Марҳилаи навини давлатдории тоҷикон шуруъ шуд.

Ҳамин  тавр,  16  ноябри  соли  1994  Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  назди  халқу  ватан  савганд  ёд кард.

Хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, оромию субот дар Ватан, тақвият додани рукнҳои давлатдории миллӣ, иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об, диплома-тияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи  байналхалқӣ  ва  ҷомеаи  ҷаҳонӣ,  ташаббус  дар  ҳалли  қазияи  Афғонистон,  боло бурдани  сатҳи  зиндагии  мардум  ва  коҳиш  додани сатҳи камбизоатӣ, обод намудани роҳҳои кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, сиёсати дарҳои кушод ва муносибати дӯстона бо кишварҳои олам ва ниҳоят таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ,  ҳувияти  миллӣ  ва  эҳёи  суннатҳои таърихиву фарҳангӣ аз хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамин хизматҳои шоёни Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 15 апрели соли 2016 вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  пешниҳоди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  дар  мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул  карданд.  Ва  инак,  ҳар  сол  16  ноябр  чун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.

16  ноябр,  дар  ҳақиқат,  ҷашни  бузурги тирамоҳист.  Ҷашни  бедорӣ,  ҷашни  масъулият  ва  бурдборӣ,  ҷашни  ҷоннисорӣ   ва  ҷашни дӯст доштани Ватан. Дӯст доштани Тоҷикистон азиз, дар пайравӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми кӯчаки хешро гузоштан дар ободию пойдории Ватан. Ҳушёрию зиракии сиёсиро  аз  даст  надодану  барои  ҳифзи  Ватан ҳамеша омода будан.

Ба  ҳамин  хотир  мегӯем:  Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи ҳамватанон муборак бод!


Ноҳираи Ҳақназар ҒОИБ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода