Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 501
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистонро барқарор намуд ва фарзанди фарзонаи халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Дар ин асно, неруҳои гуногуни сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар ҳолати парокандагӣ ва нигаронӣ қарор доштанд. Аз тарафи дигар, қувваҳои гуногуни сиёсӣ мехостанд вазъияти мавҷударо ба манфиати худ истифода баранд. Бархе аз кишварҳо низ намехостанд, ки дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ барқарор шавад.
Вобаста ба ин, дар он шабу рӯзҳо фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези қазияи Тоҷикистон равона шуда буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавию устувор ва ба таври хастанопазир ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он барои тасвири воқеияти фалокатбори кишвар кӯшиш мекарданду дар баробари ин таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба рӯйдодҳои Тоҷикистон ҷалб менамуданд. Ба ин васила, Сарвари давлат аз тамоми имкониятҳо ва роҳу воситаҳо истифода менамуданд, то ки пеши роҳи ин ҷанги бемаънӣ ва парокандагии кишварро бигиранд.
Бо ин манзур, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Мо бемаъно будан ва оқибатҳои ҳалокатовар доштани авҷгирии ҷанги бародаркушро барои миллати тоҷик ва ояндаи он, инчунин, давлати тоҷикон дарк намуда, баъди барқарор сохтани ҳокимияти конститутсионӣ сиёсати қатъии истиқрори сулҳ ва созгории миллиро танҳо бо роҳи осоишта, яъне бо роҳи гуфтушунид ва музокира пеш гирифтем».
Дар чунин вазъияти душвор барои Тоҷикистон ҳолате ба вуҷуд омад, ки Роҳбари давлат доимо дар фикру андешаи он буданд, чи тавр ва кадом роҳу воситаҳоро бояд пайдо кард, то раванди музокирот бо мухо-лифин, ҷиҳати ҳарчи зудтар расидан ба барқарории сулҳ дар кишвар ба анҷом расад.
Барои ба ин мақсад расидан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии оғози муколамаро бо ҷомеаи шаҳрвандии кишвар изҳор дошта, даъват намуданд, ки ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар чунин давраи тақдирсоз ва ҳассос бетараф набошанд ва дар раванди барқарории сулҳу субот дар кишвар бояд саҳм гузоранд.
Сипас, дар рафти вохӯрӣ бо намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки кишвар ба як созмони муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистон эҳтиёҷ дорад ва ба он ҳамаи қувваҳои сиёсии ҷомеа, ҳизбу ҳаракатҳо, олимон, шоирону нависандагон, шахсони соҳибэҳтиром шомил бошанд, то онҳо бо нуфузи худ барои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, таъмини амнияти кишвар, баргардонидани гурезаҳо мусоидат кунанд ва таъмини сулҳу ризоияти миллӣ дар ин замина асос мегирад.
Чунин иқдоми Пешвои миллатро ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ка-моли майл ва руҳбаландӣ дастгирӣ намуданд. Дар натиҷа, 11 марти соли 1996 «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» ба имзо расид.
Аз ҷумла, барои амалӣ намудани ҳадафҳои Аҳднома Шурои ҷамъиятӣ таъсис ва Низомномаи он қабул гардид, ки вазифаи асосии он ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ва ҳамчун ниҳоди тавсеабахши муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пойдору бардавом намудани сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва дигар масоили муҳими иҷтимоӣ фаъолият бурдан буд.
Таърих кам шахсиятҳоеро дар ёд дорад, ки ҳамчун Пешвои муаззами миллати мо дар роҳи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ хизматҳои шоиста ва сазовору бориз намуда бошад.
Таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллии Пешвои миллат барои минтақа ва ҷаҳон дар ҳалли низоъ ва муноқишаҳои миллию мардумӣ ва динию сиёсӣ дар ҳар шакле омӯзанда аст.
Танҳо як иқдоми ҳадафмандона ва пайгиронаи роҳбари сиёсӣ ва Пешвои миллат, ки Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзию ҳудудӣ ва ризоияту ваҳдати миллиро тавассути сулҳу ваҳдат таъмин намуданд, басанда аст, то номашон дар таърихи ватанӣ, миллат ва минтақавию ҷаҳонӣ абадан бо ҳарфҳои заррин сабт гардад.
Ҷиҳати тарбиявии Рӯзи Президент барои насли наврас хеле муҳим мебошад. Ҷавонони мо бояд таърихи пайдоиш, мазмун ва муҳтавои ин рӯзи фархундаро ҳамаҷониба омӯзанд ва дарк намоянд, ки он ба рушди давлати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Нуралӣ САИДОВ,
ходими пешбари илмии шуъбаи аврупоии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...