Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи толори варзишӣ дар Бохтар


Ифтитоҳи толори варзишӣ дар Бохтар



Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар толори варзиширо мавриди истифода қарор дод.

Иншооти мазкур дар назди бинои Раёсати ҷавонони вилояти Хатлон ҷойгир буда,  аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон» тариқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба маблағи умумии 2 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуда, бо таҷҳизотҳои муосири машқу тамрин таъмин карда шудааст. 

Масоҳати умумии маҷмааи мазкур 451 метри квадратӣ буда, аз қабулгоҳ, утоқҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, ҳоҷатхона, 3 утоқи кории роҳбарият иборат мебошад. 

  Корҳои таъмиру азнавсозӣ ҷониби ширкати сохтмонии «Сомон сохтмон-иншоот» ба роҳ монда шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода