Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Ифтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ




8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳаи Сарироҳи шаҳракаи Балхӣ бинои нави Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади тарбия ва омодасозии ҷавонони соҳибистеъдод дар соҳаи фарҳангу санъат дар муҳлати кӯтоҳ сохта шуда, дорои шароити муосири таълимӣ мебошад. 

Иттилоъ дода шуд, ки дар мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҳишмандон аз синни 10 сола боло ҷалб карда мешаванд.  

Дар бинои навсохт хонандагон дар шуъбаҳои хореографӣ, санъати тасвирӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз хатм соҳиби шаҳодатнома мегарданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити корӣ ва раванди таҳсил дар ин муассисаи навбунёд, ба масъалаи тарбияи дуруст ва соҳибкасб гардонидани ҷавонон таваҷҷуҳ намуда, хонандагонро барои аз худ кардани нозукиҳои асбоби мусиқӣ ва санъати навозандагию овозхонӣ ҳидоят намуданд.

Мактаби санъат, ягона иншооти замонавии соҳавӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ мебошад, ки дар асоси ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд гардида, барои омодасозии ҷавонони соҳибзавқ дар соҳаи санъат пешбинӣ шудааст.

Дар ин ҷо дорои таҳсилоти олӣ олидошта ба хонандагон навохтани асбобҳои торӣ, нафасӣ ва зарбиро меомӯзонанд. Донишомўзони ин муассиса баъди 5 соли хатми ин даргоҳ метавонанд вобаста ба касби интихобкардаашон таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ идома диҳанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода