Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 70 дар ноҳияи Кӯшониён


Ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 70 дар ноҳияи Кӯшониён



8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар деҳаи Механизатори ноҳияи Кӯшониён Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-ро мавриди истифода қарор доданд. 

Мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати кишвар бо Бонки рушди исломӣ сохта шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои хуштарҳу замонавии муассисаи таълимӣ дар масоҳати 60 садяк замин бунёд гардида, дорои 10 синфхонаи муҷаҳҳаз ва дигар шароиту имконоти таълимӣ мебошад.
Ҳукумати кишвар ба сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо назардошти ин, мактаби мазкур дорои синфхонаҳо барои инкишофи кӯдак, фанҳои физика, забон ва адабиёти тоҷик, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, таърих, география ва забонҳои хориҷӣ мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода