Дар Хатлон Рӯзи кинои тоҷик таҷлил гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 77
15 октябри соли равон дар бинои Муассисаи давлатии «Хатлонсинамо» ба ифти-хори Рӯзи кинои тоҷик ҷамъомад доир карда шуд. Дар он ҳаводорони кино, ҳунармандон ва масъулини «Хатлонсинамо» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Зафар Муҳаббатзода, директори МД «Хатлон-синамо» ба сухан баромада, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик шодбош гуфт. Ӯ зикр дошт, ки халқи тоҷик аз аввали садаи ХХ ба шарофати таҳаввулоти сиёсӣ ба ин навъи санъат рӯ овард ва тавонист, ки дар давоми қариб як қарн ба оламиён доир ба таъриху фарҳанг ва давраҳои мухталифи ҳаёти халқи тоҷик киноҳои ҷолиб офарад ва тоҷиконро бо ин роҳ ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.
- «Хатлонсинамо» дар тули қариб 7 соли фаъолият тавонист собит созад, ки соҳаи синамо дар Хатлон ҳам бо маро-тиб рушд мекунад ва ҳунармандони он метавонанд бо офа-ридани саҳнаҳои ҷолибу диданӣ хотири бинандаро болида гардонанд, - илова кард ӯ.
Бояд зикр дошт, ки бо таъсиси «Тоҷикфилм» дар мамлакат садҳо филмҳои бадеӣ, ҳунарӣ ва ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта шуданд, ки дар онҳо давраҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик бо тарзи шоиста инъикос ёфтаанд. Ба воситаи кино коргардонҳо ва ҳунармандони тоҷик дӯстдорони ин навъи санъатро бо муҳиту манзараҳои дилкаши Ватани азизамон ошно месозанд.
Сипас, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода ба сухан баромада, қайд дошт, ки ифтихоровар аст, ки «Хатлонсинамо» дар фурсати кутоҳ бо ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод филмҳои ҳунари “Марги сафед”, “Асрори тақдир”, “Хаёлӣ”, “Саҳв”, “Фариштаи умед”, “Рӯзноманигор”, “Гирдоб”, силсилафилми ҳунарии “Артист”, “Номус” ва ғайраҳоро офаридаанд, ки аз ҷониби тамошобинон гарм истиқбол шуданд.
Дар охири ҷамъомад аз ҷониби МД «Хатлонсинамо» як қатор фаъолон ва ҳунармандоне, ки барои офаридани филмҳои ин муассиса заҳмат мекашиданд, бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин, туҳфаи хотиравии ҳайати эҷодии рӯзномаи «Хатлон» ба ҳайати кормандони «Хатлонсинамо» супорида шуд.
Ҳайати эҷодии рӯзномаи вилоятии “Хатлон” аҳли ҳунар ва алоқамандони синамои тоҷикро ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик самимона шодбошу таҳният гуфта, дар фаъолия-ти эҷодӣ комёбиҳои беназирро таманно доранд.
Набиҷони САИДАБРОР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00