Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сулҳ наҷотбахши сайёра аст


Сулҳ наҷотбахши сайёра аст




Пешниҳоди Пешвои сулҳпарвари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани қатъномаи махсуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» барои мо – тоҷикон ифтихоровар аст. 

Ҳанӯз  солҳо  қабл  собиқ  дабири  кулли  СММ  Кофи  Аннан  гуфта  буд: “Тоҷикон барои тамоми ҷаҳониён намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро эҳдо  намуданд”.  Ҳоло  Пешвои  маҳбуби  миллати  тоҷик  баҳри  пойдории сулҳу субот дар саросари дунё садо баланд намуданд ва сарони кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро ба тақвияти ваҳдату ҳамдилӣ, дӯстиву рафоқат, аз байн бурдани зиддияту душманӣ, даст ба дасти ҳам додану барои таҳкими сулҳу ваҳдат ва ҳамзистиву ҳамгироӣ дар байни тамоми мардумони сайёра даъват намуданд.

Роҳбари давлат нақши калидӣ доштани Созмони Милали Муттаҳидро дар  ҳалли  низоъҳои  сиёсӣ  эътироф  намуда,  қайд  намуданд:  «Мусаллам аст, ки имконияти таъмини сулҳи пойдору ҳаёти осоиштаи инсоният ва пешрафти кишварҳо, пеш аз ҳама, дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда фароҳам мегардад. Моро зарур аст, ки ба мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шавем ва чораҳои судманд андешем».

Эмомалӣ  Раҳмон  бо  ин  пешниҳоди  наҷибонаву  инсондӯстона, муқобили  ҳама  гуна  ҷангу  низоъҳои  минтақавӣ,  ки  заминаи  асосии  онро миллатгароиву маҳалгароӣ ташкил медиҳад, баромад намуда, бори дигар миллати тоҷикро ба арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати инсондӯсту сулҳпарвар муаррифӣ  намуда,  бо  ифтихори  баланди  миллӣ  изҳор  доштанд,  ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳамаи муноқишаву низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.

Дар гузаштаи начандон дур танҳо тавассути иттиҳоду ҳамдилӣ ва боло гузоштани  манфиатҳои  милливу  давлатӣ  аз  манфиатҳои  шахсиву  гурӯҳӣ имкон ба даст омад, ки давлати дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ дармонда дар як муддати кӯтоҳ ба мамлакати воҳид ва рӯ ба тараққӣ мубаддал гардад.

Ибрати шахсӣ нишон додан ва нотарсона дар рӯ ба рӯи ҷудоихоҳону бадхоҳони миллат қарор гирифтани Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот  дар  Тоҷикистон  нақши  калидӣ  ва  ҳалкунанда  бозида,  ӯро  ҳамчун Пешвои асили миллати тоҷик ва тоҷикони тамоми дунё муаррифӣ намуд.

Ин буд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби бархе аз сиёсатмадорони ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифта, нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии сулҳ ва амнияти сартосарӣ дар мамлакат таъкид гар-дидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки чунин ташаббус ва пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат пайваста аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳон садо дода, қабул ва эътироф гардидаанд.

Мо   ифтихор  дорем,  ки  Пешвои  сулҳофари  мо  чун  кишвари  хеш  ба ҷаҳон сулҳ меорад. Ва, бешак, сулҳ сайёраро наҷотбахш аст.

Нуринисо ИБОДУЛЛОЕВА, мудири бахши иттилоотии
Маркази хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Левакант

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода