Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар таълиму тарбияи насли ояндасоз саҳм бигирем


Дар таълиму тарбияи насли ояндасоз саҳм бигирем




Паёми  навбатии  Президенти кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон имрӯз  ҳамчун  армуғони  тоза  ва пайки  пурбароре  пешкаши  мардум гардидааст,  ки  дар  рушду  нумуи кишварамон  метавонад  ҳамчун ҳисоботи  ҷамъбасти  солона  ва  як ҳуҷҷати  стратегӣ  шинохта  шавад. Дар Паёми мазкур бо диди хеле амиқу  санҷидашуда  ҳамаи  паҳлуҳои ҳаёти  имрӯзаи  Тоҷикистони  азиз баррасӣ гардидааст. Махсусан вазъи имрӯзаи  ҷомеа  ва  масъалаи  рушди  маърифати  ҳуқуқӣ  дар  замони соҳибистиқлолӣ  яке  аз  масъалаҳои муҳиме  ба  шумор  меравад,  ки  дар ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷойгоҳи худро дорад.

Аз  ин  рӯ,  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ,  Президенти  кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Па-ёми  наватӣ  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон моҳияти Конститутсияи замони соҳибистиқлолии кишварамонро шарҳ дода, чунин ибрози андеша намуда-анд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро  таъмин  намоем,  барои  ҳар  як  шаҳрванди мамлакат  шароити  зиндагии  арзанда  ва  инкишофи озодонаро муҳайё созем». Дар баробари ин, пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.

Бояд тазаккур дод, ки эълон намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» на танҳо ифодагари масъалаҳои пурзӯр намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, балки масъалаи мубраме ба шумор меравад, ки барои баланд бардоштани ягонагии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ заминаи мувофиқе пайдо намуда метавонад. Маърифати ҳуқуқӣ инчунин, паҳлуҳои гуногунеро дар бар мегирад, ки дар баробари падидаи иқтисодӣ ва фарҳангии он боз донишҳои сиёсӣ лозим меоянд, ки онҳоро баъзан маърифати сиёсӣ низ қаламдод менамоянд.

Баланд  бардоштани  маърифати  ҳуқуқии  аҳолӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба  ҳисоб  рафта,  аз  рӯзҳои  аввали  ба  даст  овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст ва дар ин замина якчанд санадҳои меъё-рии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд.

Мавриди  қайд  аст,  ки  дар  маҷмуъ,  маърифати сиёсӣ инъикоси расмии ҳама гуна зуҳуроти ҳуқуқӣ дониста  мешавад,  ки  барои  мақому  мартабаи  давлати миллӣ  хусусиятҳои  худро  дорад.  Аз  ин  рӯ,  барои  баланд  бардоштани  мақоми  таълиму  тарбия  ва  донис-тани  ҳаққу  ҳуқуқ  ва  озодиҳои  шаҳрвандон  дар  Паём зарурати баландбардории маърифати ҳуқуқӣ , мақому мартабаи он дар ҷомеа баррасӣ гардидааст.Ин аст, ки Президенти кишвар дар шарҳи нуктаҳои асосииПаём  бо  тарзи  махсус,  пайгирона  дастовардҳои соли  сипаришуда  ва  дурнамои  рушду  инкишофи минбаъдаи  кишвари  моро  таъкид  намуда,  дигар комёбиҳоро маҳз дар доштани маърифати ҳуқуқӣ таъкид менамояд.

Маълум аст, ки солҳои охир раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар омилҳои номатлуб таъсири бечуну чарои худро ба вазъи имрӯзаи кишвари мо расонида  истодааст.  Хусусан  масъалаи  терроризм, экстремизм  ва  радикализми  динӣ  хеле  нигаронкунанда мебошанд, ки барои пешгирӣ намудан ва ё  муқовимат  кардан  мо  бояд  зиракии  сиёсиро  аз даст  надиҳем.  Зеро  онҳо  ба  шабакаҳои  иҷтимоӣ роҳ ёфта, ба воситаи таблиғи иттилооти бардурӯғ ба  рафтори  мардум  таъсири  манфӣ  мерасонанд. 

Хусусан,  мағзшӯӣ,  таъсири  манфӣ  расонидан  ба ҷавонон ва ташвиқу тарғиб намудани онҳо ба воситаи  технологияи  иттилоотию  коммуникатсионӣ ҳанӯз ҳам ба чашм мерасад. Аксари нафароне, ки ба  гурӯҳҳои  экстремистию  террористӣ  мепайванданд  аз  надоштани  маърифати  ҳуқуқӣ  ва   сатҳи пасти дониши сиёсӣ ба ин кор даст мезананд.

Маърифати ҳуқуқӣ яке аз омилҳои пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм мебошад, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар зарурату муҳиммияти он баррасӣ гардидааст. Мавриди қайд аст, ки аксари ҷиноятҳои террористӣ бо истифодаи қувваи зӯрӣ барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ истифода бурда мешаванд ва ин амалҳо бештар аз надонистани  ҳуқуқу  озодиҳои  хеш  ва  надоштани маърифати ҳуқуқӣ ба анҷом расонида мешаванд.

Бояд  тазаккур  дод,  ки  Президенти  кишвар муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Паёми  навбатиашон  ибрози  андеша  намудаанд:   “Ҳамаи  мо вазифадорем,  ки  дар  шароити  ниҳоят  ҳассос  ва ноорому  пуртаҳаввули  ҷаҳони  имрӯза  ва  афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи  сиёсӣ  ва  амнияти  ҷомеаи  башарӣ  беш  аз ҳар  вақти  дигар  босабру  таҳаммул  ва  муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди  кишвари  соҳибихтиёрамон  равона  созем... 

Бо  итминон  изҳор  менамоям,  ки  мо  ҳама  якҷо бо  кору  фаъолияти  аҳлона  Ватани  азизамонро, хусусан,  то  ҷашни  бузурги  миллӣ  –  35-солагии Истиқлоли  давлатӣ  ободу  зебо  месозем,  давлати соҳибистиқлоламонро  пешрафта  мегардонем  ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”.

Дар  воқеъ,  ин  дастуру  супоришҳои  Пешвои миллат моро муваззаф менамояд, ки дар раванди тағйирпазирии  ҷаҳони  имрӯза  бояд  дар  таълиму тарбияи насли наврас ҳамаҷониба ҳиссагузор бошем.  Ба  мактабу  маориф  таваҷҷуҳи  хоса  дошта, дар ташвиқу тарғиби маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун сипари боэътимод кӯшиш намоем.

Ба  андешаи  мо  «Соли  маърифати  ҳуқуқӣ» бояд ба соле мубаддал гардад, ки барои таъмини амният  ва  таҳкими  давлатдории  миллӣ  натанҳо таваҷҷуҳи моро, балки ҳастӣ ва фаъолнокии мар-думи Тоҷикистони азизро зиёд намояд. Паёми навбатии  Президенти  кишвар  дар  рушду  нумуи  маърифати  ҳуқуқӣ  як  Консепсияи  бузурги  таълимию тарбиявие мебошад, ки барои падару модарон ва аҳли  зиёи  кишвар  дар  раванди  таълиму  тарбия дастур ва роҳбалади муҳим арзёбӣ мегардад.

Баҳриддин УМАРОВ,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода