Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 188
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мӯъминобод ба рӯзномаи " Хатлон" иттилоъ доданд, соли ҷорӣ беморхонаи марказии ноҳия бо мақсади истиқбол аз 35 солагии Истиқлоли давлати дар доираи корҳои ободонию созандагӣ таъмиру азнавсозӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки беморхона аз соли 2001 инҷониб фаъолият дошта, на он қадар шароити хуби табобат дошт. Аммо имрӯзҳо бо таваҷҷӯҳи бевоситаи роҳбарият олии мамлакат ва мақомоти ноҳия дар ҳар ҳуҷра барои беморон шароити хуб фароҳам оварда шуда, бо оби гарму хунук ва рахти хоб таъмин мебошанд. Масъулин ният доранд, ки ҳар ҳуҷраро бо кондитсионер ва яхдон таъмин намоянд.
Қобили қайд аст, ки беморхонаи мазкур дорои 10 шуъба ва 189 рахти хоб аст.
Дар ноҳияи Муъминобод дар маҷмуъ 71 табиб ва 767 корманди миёнаи тиб ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.
Набиҷони Саидаброр, "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...