САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ВА ШАҲРИ НОРАК
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 196
Имрӯз, 23 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуд.
Дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори шаҳру ноҳияҳои вилоят бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир як қатор иншоотҳо сохта шуда истодааст.
Дар ноҳияи Данғара раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва роҳсозии ноҳия огоҳ гардид. Раиси вилоят аз раванди босуботи корҳои сохтмонии роҳи нақлётии 18,5 километрии байни деҳаҳои Ҳусайншайх, Лоларух, Булёни боло, Навобод, Зулол ва Хуррамзамин шинос шуда, ҷиҳати ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани ин роҳи маҳаллӣ ба мутахассисон тавсияҳои судманд дод.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мазкур бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, чунин тадбир дар дигар маҳаллаву деҳот вусъат меёбад. Зимнан раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассиси нави таълимии якошёна воқеъ дар деҳаи Навобод боздид намуд. Гуфта шуд, ки муассисаи мазкур барои 300 нафар дар як баст пешбинӣ шуда, корҳои сохтмонӣ мувофиқ ба талаботи меъморӣ босуръат идома доранд.
Зимни сафари корӣ раиси вилоят ба сохтмончиён ва масъулин ҳамсуҳбат шуда, таъкид намуд, ки корҳои ободонӣ дар иншоотҳои ҷашниро вусъат бахшида, бо ҷалби сокинони маҳаллӣ дар ободу зебо гардонидани деҳаву маҳаллаи худ саҳми арзанда гузоранд.
Дар идомаи сафари корӣ ҳайати меҳмонон ҳамчунин аз раванди корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимии дуошёна воқеъ дар деҳаи Булёни болои ноҳия шинос шуданд.
Тибқи иттилоъ муассисаи мазкур барои 1080 нафар хонанда дар як баст пешбиниӣ гардида, бо усули муосири меъморӣ сохта ба истифода дода мешавад. Дар иншооти нав ҳамчунин утоқҳои кории директори муассиса, омӯзгорон ва синфхонаҳои фаннӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар баробари корҳои баанҷомрасида дар иншоот ба масъалаи ободу зебо гардонидани муҳити атроф, чароғонкунӣ, шинонидани гулу гулбуттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ диққати ҷиддӣ дода, дар ин самт ҳамарӯза корҳо идома доранд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Норак бо ҷараёни корҳои сохтмониву созандагӣ дар НОБ-и Норак, корхонаи истеҳсоли равған, беморхонаи марказии шаҳр баъд аз таъмиру азнавсозӣ, варзишгоҳи марказӣ шинос шуда, таъкид намуд, ки бояд ишоотҳои ҷашнӣ бо сифати баланд ва тибқи нақша сохта шуда, ба намои берунии онҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ҷиҳати арзанда истиқбол намудани Рӯзи дониш, Истиқлоли давлатӣ ва дигар ҷашнҳои дар пеш истода ба роҳбарият ва масъулон дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Инчунин, раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуда, ба масъулон ҷиҳати истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил, кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Вобаста ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 6260 иншооти нақшавӣ 3090 иншоот ба маблағи 2,5 млрд сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур 685 адад иншоотҳо, аз ҷумла таъмиру сохтмони 50 иншооти соҳаи маориф, 7 дармонгоҳ барои қабули 140 нафар дар як баст, 15 иншоотҳои фарҳангӣ, 6 бинои истиқоматии бисёрошёна, 22 иншооти варзишӣ, 55 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 2 иншооти соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хати оби нӯшокӣ, сохтмони 126 км роҳ ва 30 пули автомобилгард дар қитъаҳои гуногун, 171 иншооти хизматрасонӣ ва 176 дигар биною иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, ки дар ин замина барои 29,3 ҳазор окинони маҳаллӣ ҷойи кори нав таъсис ёфтааст.
Ҷиҳати зиёд намудани шумораи иншоотҳои ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар умум 739 адад иншоот иловатан ба нақшаи чорабиниҳо ворид карда шуда, корҳо дар ин самт батадриҷ амалӣ шуда истодааст.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...