Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР ДОИР ГАРДИД 


РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР ДОИР ГАРДИД 




Имрӯз, 22 август, дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилотии шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар ҳамоиш Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳайати меҳмонони Қазоқистон ва дигарон ширкат намуданд.

Нахуст, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, баромад намуда, изҳор дошт, ки Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон, хусусан дар шаҳри Бохтар дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст. Дар ин раванд, мавсуф иброз намуд, ки ба роҳ мондани чунин чорабиниҳо барои мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ, ба роҳ мондани робитаҳои байниҳамӣ ва тақвият бахшидани табодули таҷриба мусоидат мекунад.

Сипас, аз ҷониби ҳунарманди Филармонияи давлатии шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозир карда шуд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода