ВОСЕЪ. БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ МАЪРИФАТИЮ ТАРҒИБОТИИ “САДОҚАТИ ВАТАНДОРӢ”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 211
Ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амри раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вобаста ба сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Восеъ чорабинии маърифатию тарғиботии «Садоқати ватандорӣ» баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саизода Ҷамшед ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумии ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Восеъ дидан намуданд.
Гуфта шуд, ки масъалаи тарбияи ватандӯстӣ аз ҷумлаи он масоилест, ки дар шароити кунунӣ бо назардошти вазъи ояндаи ҷаҳон аҳамияти умумимиллӣ пайдо мекунад. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки тарбияи ватандӯстиро аз синни хурдсолӣ оғоз намоем. Чун ҳар донишу эҳсосу таҷрибае, ки дар овони хурдсоливу наврасӣ ба инсон даст медиҳад, мондагортар аз онест, ки дар синни ҷавонӣ ё калонсолӣ онро аз худ карда мешавад.
Тибқи дастури амри вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чорабинии мазкур бо мақсади инъикоси раванди корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби фаъолияти бунёдгаронаи соҳибкорон, қаҳрамонони меҳнат, мудофиаи Ватан, тарбияи ватанпарварии насли наврас, инъикоси густурдаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба зебопарастӣ, ободу зебогардонии Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳу маҳал ва бунёду азнавсозии маҷмааҳои фарҳангӣ-маишӣ, инъикоси раванди ободию пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон, бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ, мебошад.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» унвон карда шуд.
Ҳамзамон дар ин рӯз дар доираи чорабинии вилоятии "Садоқати Ватандорӣ" дар ҷамоати деҳоти Гулистон мусобиқаи футбол баргузор гардида оиди рушди футбол ва дастгириҳои Давлату Ҳукумати кишвар дар ин самт ибрози андеша намудаанд.
Инчунин дар ҷамоати деҳоти М.Вайсов, ба 25 нафар навзодон шаҳодатномаи таваллуди ройгон тӯҳфа карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ чорабиниҳои маърифатию тарғиботии «Садоқати ватандорӣ» доир карда мешавад.
А. Абдулмаҷид "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00