РУШДИ СОҲАИ САНОАТ ДУР ҶУМҲУРӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 408
То соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт. Пас аз ба даст овардани Истиқлолӣ давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба зиёда аз 3 ҳазор ва фарогир бо 54 ҳазор ҷойи корӣ расонида шуд.
Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайём ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 зикр доштанд.
Чуноне аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дорем то якуми июли соли 2024 дар ҷумҳурӣ 3580 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 251 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфтааст, ки дар натиҷаи фаъолияти беш аз 250 корхонаи нави саноатӣ дар мамлакат 1714 ҷои кор фароҳам оварда шудааст.
Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 42 корхона бо фарогири 344 ҷойи кории нав фаъолият доранд.
Қайд бояд кард, ки айни замон барои саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар ин самт «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дар асоси он «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025», «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» ва дигар барномаҳои соҳавӣ амалӣ гардида истодаанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...