Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДОИР ГАРДИД


ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДОИР ГАРДИД




Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур муовини сардори раёсати тарбияи ватандӯстии дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимов Абдулло, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо оғоз гардид. Сипас, муовини сардори раёсати тарбияи ватандӯстии дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимов Абдулло ба сухан баромада, иброз намуд, ки таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, ба ҳавасманд намудани насли ҷавон баҳри ба таҳсили муносиб фаро гирифтан ва ташаккул додани маҳорату малака ва истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки иқдоми наҷиб ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат баръало эҳсос гардида, ба хотири руҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва бо мақсади таъмини таҳсилоти муносиби ҷавонон якчанд имтиёзҳо, аз ҷумла Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон, чанд тан аз гирандагони стипендияи Президентӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии кишвар миннатдории самимонаи хешро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, таъкид намуданд, ки ҳамеша бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравони асили Пешвои муаззами миллат хоҳанд буд ва дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Дар идомаи ҳамоиши мазкур дар фазои тантанавӣ аз ҷониби Нозимов Абдулло - муовини сардори раёсати тарбияи ватандӯстии дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даминзода Арафамо – муовини раиси шаҳри Кӯлоб ба гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2023-2024 шаҳодатномаҳо ва маблағи стипендия супорида шуд.

А. Абдулмаҷид "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода