Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР 


РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР БОХТАР 




Имрӯз, 21 август, ҳайати меҳмонони Қазоқистон вориди шаҳри Бохтар гардиданд. Ҳайати меҳмононро бо иштироки Абдумаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар, масъулин ва аҳли фарҳанг дар фазои фарҳангӣ истиқбол гирифтанд.

Сипас, ҳайати меҳмонон аз Муассисаи давлатии Осорхонаи таърихи кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» дар шаҳри Бохтар дидан намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади пурзӯр намудани раванди дӯстӣ, беҳтар кардани муносибатҳои байниҳамдигарӣ, табодули таҷриба ва шинос шудан аз фарҳанги якдигар шуруъ аз имрӯз, 21 август, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз мегардад.

Ҳунармандон ва ҳайати ҳамроҳ аз Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути хатсайри Душанбе ба шаҳри Бохтар омада, аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии он дидан мекунанд. Раванди сафар аз ҷониби масъулини вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар нақшбандӣ шуда, дар назар аст, ки ҳайати меҳмонон то рӯзи 23 август дар шаҳри Бохтар боқӣ монанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода