ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР БАХШҲО
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 260
Тавре пештар иттилоъ дода будем, 15-уми августи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардида, таи ду рӯз аз рӯйи номинатсияҳо озмун бо маром идома дорад.
Ҳайати ҳакамон довталабонро дар доираи Низомнома аз санҷиш гузаронида истодаанд.
Аз саволу ҷавобҳо маълум мешавад, ки иштирокчиён омодагии зиёд дидаанд ва ҳамаи иштирокчиён тамоми донишу малакаҳои худро нишон дода истодаанд то ба даври навбатӣ роҳхат гиранд.
Тибқи иттилои масъулин имсол шумораи ширкаткунандагон дар ҳамаи номинатсия нисбат ба солҳои пеш зиёдтар аст.
Иштирокчиён дар номинатсияҳои эҷоди назму наср, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон, адабиёти классикику муосир маҳорати худро нишон медиҳанд.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо на танҳо чеҳраҳои нави истеъдодҳои адабиро равшан месозанд, балки ба рушди фарҳанг ва адабиёт дар кишвар мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 1121 довталаб ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта, аз рӯйи 6 номинатсия миёни ҳам сабқат намуда истодаанд. Тибқи нақша давраи вилоятии озмукни ҷумҳуриявии “Фупӯғи субҳи доноӣ китоб аст” то 27-уми август идома меёбад.
А. Абдулмаҷид "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...