Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН - "ВОРИСИ СИНО" СОҲИБОНАШРО ПАЙДО КАРД


ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН - "ВОРИСИ СИНО" СОҲИБОНАШРО ПАЙДО КАРД




Имрӯз дар ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати Рӯзи табибони тоҷик ба шаш нафар ходимони соҳа Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон "Вориси Сино" тақдим карда шуд.

Ҷоизаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, савияи дониши касбии кормандони соҳа, ҳифзи саломатии омма ва фароҳам овардани шароити мусоид барои табобати беморон, инчунин ҳавасманд намудани кормандони соҳаи тандурустӣ тибқи қарори Раиси вилояти Хатлон аз 15 феврали соли 2019, №46 таъсис дода шудааст ва ҳамасола тибқи талаботи Низомнома ба 6 нафар дода мешавад. 

Имсол бошад, дар натҷљаи хулосаи Кумитаи тадорукот 6 нафар табибони беҳтарин ва собиқадори соҳа аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Шаҳритус барандаи ин ҷоиза гардиданд.

Ҷоизаҳоро ба ғолибон дар вазъи тантанавӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода тақдим намуд.

Инчунин, як қатор кормандони фаъол ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода