ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ ТИБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 366
Табибони соҳибкасб,
Ҳамватанони азиз!
Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати сартосарӣ имконият фароҳам овард, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо шарофати ин неъмати бебаҳо ҷиҳати рушди босуботи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ фаъолияти пурсамар дошта бошад.
Фарорасии иди касбии кормандони соҳаи тиб - ворисони Синои бузургро, ки ҳамасола санаи 18-уми август таҷлил карда шуда, ба арафаи ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост меояд, ба тамоми кормандони соҳаи тибби вилояти Хатлон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо офияти комил ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.
Соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои муҳим бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бесобиқа намуда, рушди бомароми соҳа бо бунёди биноҳои замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир сол то сол таъмин карда мешавад.
Ҷиҳати таъмини ин соҳаи афзалиятноки кишвар бо кадрҳои соҳибтахассус, инчунин, баланд бардоштани дараҷаҳои касбии онҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати такмили ихтисос ва малакаҳои касбӣ, масъулият ва риояи муоширати сатҳи баланди соҳавии онҳо диққати хос зоҳир карда мешавад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз вохуриҳо бо кормандони соҳа иброз намуданд, ки:
“Ҳар як табиб ё корманди соҳаи тандурустӣ барои шифо бахшидани беморон бояд на танҳо донишу таҷриба ва малакаи баланди касбӣ, инчунин, меҳрубониву муоширати хуб ва ҳисси инсондӯстиву ғамхорӣ нисбат ба онҳоро дошта бошад”.
Табибони ҳозиқ!
Корманди соҳаи тиб будан касби пурифтихор ва бошараф буда, дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хос дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Бо назардошти ин Ҳукумати мамлакат аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Дар зарфи 33-соли Истиқлолияти давлатӣ ин соҳаи афзалиятноки кишвар дар вилоят бамаротиб рушд карда, бо ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ба муассисаҳои соҳа ва роҳандозӣ намудани усулҳои нави табобат шароити хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Дар вилояти Хатлон 1793 адад муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва субъектҳои фаъолияти хусусии тиббидошта фаъолият намуда, ба мардум хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.
Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорони маҳаллӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 477 иншооти соҳа ба нақша гирифта шуда, 128 адад иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар ҳамин зимн, соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони 12 иншоот аз ҷумла, Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара, марказҳои ташхисию табобатии фаъолияти хусусии тиббӣ, марказҳои саломатии деҳотӣ ва беш аз 10 адад бунгоҳҳои саломатӣ ба маблағи зиёда аз 18 миллиону 369 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон, бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ бо хизматрасонии босифати тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва шарикони рушд сохтмони 98 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 29 адад дар бахши госпиталӣ, 58 адад дар самти муассисаҳои соҳаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва 11 адад самти фаъолияти муассисаҳои хусусии тиббидоштаро ташкил медиҳад.
Сол то сол зиёд шудани маблағгузории соҳа, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати кормандон низ нишони таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии кишвар ба ин соҳаи муҳим буда, аз аввали соли равон ба соҳаи тандурустии вилоят 411 млн. 372 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дастгирии минбаъдаи ин соҳаи ҳаётан муҳим бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда маблағгузорӣ минбаъд низ тақвият дода мешавад.
Дар ин баробар, кормандони соҳаи тибби вилоят низ бо истифода аз шароитҳои мусоиди дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии мутахассисони соҳа, бояд масъулияти баланди касбии худро дарк намуда, тамоми дониш ва малакаи худро барои ташхис ва табобати мардум сафарбар намоянд. Бо ин мақсад барои хизматҳои бесобиқа ва бенуқсони кормандони соҳаи тибби вилоят дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 15-уми феврали соли 2019 № 46 Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Вориси Сино” таъсис дода шуда, ҳамасола 6 нафар собиқадорони соҳа дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шуда, ҳар кадом ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо азму иродаи табибони вилоят боварӣ дошта, итминон менамояд, ки шумо ба мардум дар баробари ҳифзи саломатӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона ва маҳали зистро ҳамеша ташвиқ мекунед ва ба онҳо мефаҳмонед, ки сабаби пайдоиш ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ риоя накардани тозагӣ ва қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ мебошад.
Эътимоди комил дорам, ки шумо - ворисони арзандаи Синои бузург вазифаи ифтихорӣ ва рисолати инсонии худро дар назди мардум бо заҳмати софдилона иҷро менамоед ва ба савганди касбии худ ҳамеша содиқ мемонед.
Иди касбиатон муборак, табибони ҳозиқ!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...